РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

 

ш.Душанбе. 21.09.2020. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати парламентии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таҳти сарварии муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар муҳтарам Улуғбек Иноятов ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре зикр гардид, солҳои охир равобити миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев торафт густаришу таҳким ёфта, уфуқҳои нав ба навро касб менамояд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи рушду инкишофи ҳамкориҳо, дар аксар соҳаҳои мавриди назар, бахусус парламентаризм диққати хос зоҳир намуданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар бахши парламентаризм бениҳоят фарох буда, аз ҷумла соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва ғайраҳоро фаро мегирад.

Тазаккур дода шуд, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ҳар ду кишвар ба ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои амалии мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ афзоиш меёбад.

Вобаста ба ин, бояд дар мадди аввал механизми фаъолияти амалии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ роҳандозӣ гардад.

Иштирокдорони мулоқот изҳор доштанд, ки ҷиҳати бо мазмуни нав пурра сохтани ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки талаботи замони муосир мебошад, тамоми имконият ва захираҳои мавҷударо сафарбар хоҳанд кард.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ба таври созанда сурат гирифт.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»