ЌАРОРИ РАИСИ ШАЊРИ ДУШАНБЕ №598 АЗ 3.10.2019
Дар бораи тасдиќ намудани Ќоидањои љойгиркунии номлавњањо ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї дар шањри Душанбе
Бо маќсади иљрои банди 2протоколи љаласаи назоратии назди Раиси шањри Душанбе аз 13 майи соли 2019, №17, риояи талабот ва амалї намудани муќаррарот дар соњаи рекламаи берунїва ба низом даровардани љойгиркунии номлавњањо, инчунин дигар таркибњои иттилоотиву рекламавїаз љониби рекламапањнкунандагон, бо назардошти хулосањои Кумитаи забон ва истилоњоти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Агентии давлатии назорати молиявї ва мубориза бо корупсияи Љумњурии Тољикистон васохторњои дахлдори шањрї дар соњаи меъморї, зиддиинњисорї ва бозрасии давлатии автомобилї, мутобиќи моддањои 19 ва 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї»
ЌАРОР МЕКУНАМ:
1.Ќоидањои љойгиркунии номлавњањо ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї дар шањри Душанбе ва замимаи графикии онтибќи замимањои 1 ва 2 тасдиќ карда шаванд.
2. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе», маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияњои шањри Душанбе вазифадор карда шаванд, ки барои амалї намудани муќаррароти Ќоидањоиљойгиркунии номлавњањо ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавїдар шањри Душанбе дар њамкорї ва бо мусоидати маќомоти ваколатдори њокимияти давлатї чорањои зарурї андешанд.
3.Ќарори мазкур барои тасдиќ ба Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе пешнињод карда шавад.
4. Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе, сарпарасти соња гузошта шавад.
Рустами Эмомалї
Замимаи №1
ба ќарори Раиси шањри Душанбе
аз 3 октябри соли 2019, №598
Ќоидањои
љойгиркунии номлавњањо ва дигартаркибњои иттилоотиву
рекламавїдар шањри Душанбе
1. Муќаррароти умумї
1.1. Ќоидањои љойгиркунии номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї дар шањри Душанбе (минбаъд объектњои реклама ва иттилооти берунї) ва тарзи истифодаи онњо (минбаъд – ќоидањо) бо маќсади пурзўр намудани назорати давлатї ба равандњои ташаккули муњити мусоид ба меъморї ва иттилоотии шањр, истифодаи объектњои реклама ва иттилооти берунї, истифодаи моликияти шањри Душанбе бо маќсадњои пањн намудани реклама ва иттилооти берунї, таъмини талаботи ќонунгузорї њангоми пањни реклама ва навиштаљотњо, нигоњ доштани унсурњои ороишї ва зебоии намои берунии иншоотњо бо меъёрњои фарњангиву миллї ќабул карда шудаанд.
Њамин Ќоидањо талаботро ба љойгир ва истифодаи њудудии номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї, шартњои истифода бурдани моликияти шањр барои насб ва истифодаи объектњои реклама ва иттилооти берунї, тартиби додани иљозатнома барои љойгир ва истифода кардани онњо дар њудуди шањри Душанбе, инчунин, тартиби назоратро ба риояи ин талаботњо муќаррар мекунанд;
1.2. Риояи ин Ќоидањо барои њамаи шахсони њуќуќї новобаста аз шакли моликият ва мансубияти идоравиашон, инчунин, барои соњибкорони инфиродї ва дигар шахсони воќеї њангоми љойгир ва истифодаи объектњои реклама ва иттилооти берунї дар шањри Душанбе њатмї мебошад;
1.3. Ќоидањо дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи реклама», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти меъморї, шањрсозї ва сохтмонї», Кодекси шањрсозии Љумњурии Тољикистон,Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон»,Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи дигар пардохтњои њатмї ба буљет», Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тасдиќ намудани Ќоидањои истифодабарии ќитъањои њамшафати роњњои автомобилгарди Љумњурии Тољикистон»амру ќарорњои Раиси шањри Душанбе, Стандарти давлатии 23457-86 «Ќоидањои истифодаи аломатњои роњ, нишонњо, чароѓакњо, таворањои роњ ва воситањои самтнишондињанда», дигар санадњои меъёрии њуќуќие, ки ваколатњои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанберо муайян мекунанд, тартиб дода шудаанд;
1.4. Љойгир намудани номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї тибќи талаботи ќарори Раиси шањри Душанбе №258 аз «2» майи соли 2019 «Дар бораи муќаррар намудани меъёрњои пардохт барои љойгир ва пањн намудани рекламаи берунї дар шањри Душанбе» ба амал бароварда мешавад;
1.5. Насби номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавїтибќи дархости рекламапањнкунанда дар асоси иљозате, ки Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» аз рўйи тартиби ба њамин Ќоидањо пешбинишуда додааст, ба амал бароварда мешавад;
1.6. Љойгир ва пањн намудани номлавњањо ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї дар њудуди њамшафати роњњои автомобилгарди шањри Душанбе танњо дар асоси талаботи бандњои дахлдори Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 06 майи соли 2006, №214 «Дар бораи тасдиќ намудани ќоидањои истифодабарии ќитъањои њамшафати роњњои автомобилгарди Љумњурии Тољикистон» ва ќарорњои минбаъд ќабул мегардидаи соњавї амалї гардонида мешавад.
2.Номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї
Ба номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавїобъектњои гуногуне, ки барои пањн намудани маълумотњои рекламавї ва дигар маълумотњои иттилоотии таъин гардида, дар њудуди шањри Душанбе яъне дар биноњо, иншоотњо љойгир шуда, ки муайянкунандаи нуќтањои фуруш, мол, кор ва хизматрасонї мебошанд ва инчунинбарои дарки аёнии истифодабарандагони иттилоотравона гардидаанд, дохил мешаванд.
– реклама - иттилооте, ки дар ҳаршакл, тавассути ҳар навъ воситаҳо оид ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо (ахбори рекламавӣ) паҳн мешаванд ва барои доираи васеи шахсон пешбинӣ шуда, ҷиҳати ташаккул ё дастгирии шавқмандӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, молҳо, ғояҳо, ташаббусҳо таъин гардида, барои фурӯхтани молҳо, ғояҳо ва ташаббусҳо мусоидат менамояд;
2.1. Талаботњо ба номлавњањо ва дигар иттилооти берунї:
2.1.1. Талаботњои умумї:
а) номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавие, ки дар њудуди шањр насб карда шудаанд, набояд симои меъмории шањрро коста намояд;
б) тибќиќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон ба талаботи забони давлатї, њимояи раќобат ва манфиатњои истеъмолкунандагон мутобиќ бошад;
в) номлавњањо танњо бо њарфњои калонњаљм(бо равшании дохилї ва бе равшании дохилї) дар як хати уфуќии пештоќи бино насб карда мешаванд ва набояд аз таркибњои худ калон бошанд;
г) андозаи таркибњои (конструксияњои) рекламавї ва номлавњањо набояд зиёда аз 70%-и дарозии умумии бино буда, баландии онњо то 0,5м бошанд, ба истиснои номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавие, ки дар болопўши биноњо насб гардидаанд;
ѓ) насби номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавие, ки дар болопўши биноњо насб мегарданд, бояд бо њарфњои калонњаљм, бо равшании дохилї ва инчунин бо андозањои зерин насб гарданд:
- бо баландии на зиёда аз 0,80м барои биноњои 1-3 ошёна;
- бо баландии на зиёда аз 1,20м барои биноњои 4-6 ошёна;
- бо баландии на зиёда аз 1,80м барои биноњои 7-9 ошёна;
- бо баландии на зиёда аз 2,20м барои биноњои 10-16 ошёна;
- бо баландии на зиёда аз 3,0м барои биноњои 17 ошёна ва баландтар аз он;
Эъзоњ: Насби номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавие, ки дар болопўши биноњо насб мегарданд, бо дарназардошти хулосаи Сарраёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбе инчунин, розигии ширкати соњибмулкони манзил ё шахсони ивазкунанда, аз љониби Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» иљозат дода мешавад.
д) насб ва истифодаи номлавња ва дигар конструксияњои иттилоотиву рекламавї дар њудудњое, ки нисбати онњо аз рўи тартиби муќарраршуда консепт-барномањои насби номлавњањо ва рекламањои берунї тасдиќ гардидаанд, фаќат тибќи њамон консепт-барномањо иљозат дода мешавад;
е) насб ва истифодаи номлавња ва дигар конструксияњои иттилоотиву рекламавї набояд талаботњои меъёру ќоидањои дахлдори бењдоштиро (аз љумла, талаботро нисбати равшанї, афканишоти электромагнитї ва ѓайра) вайрон кунад;
ё) намои эстетикии номлавња ва дигар конструксияњои иттилоотиву рекламавї бояд ба талаботи шањрдорї мувофиќ бошанд;
ж) љойгир намудани номлавња ва дигар конструксияњои иттилоотиву рекламавї дар заминњои истифодаи умумї, дар гулзорњо ва роњњои пиёдагард манъ аст(ба истиснои нишондињандањое(указатель), ки дар асоси хулосаи Сарраёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбе насб гардидаанд);
з) истифодаи тирезањо ва витринањо барои пањн намудани маводи рекламавї ва иттилоотї бояд на зиёда аз 20% -и масоњати умумии онро ташкил дињад;
и) дар намои асосии биноњо насб кардан ва истифода бурдани иншооти лавњагї ва барандаи реклама ва иттилооти берунї танњо дар мувофиќа бо Сарраёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбева инчунин Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» иљозат дода шуда, иншооти лавњагї ва барандаи реклама ва иттилооти беруна, ки ќисми зиёди намо (фасад)-и бино, витринањои шишагї ва тирезањо, унсурњои меъморї ва ороишоти декоративиро мепўшонанд ва бо ин пуррагии дарки осори меъмориро халалдор месозанд, иљозат дода намешавад;
2.1.2. Насби номлавњањо ва дигар иттилооти берунї дар чунин шакл манъ аст:
а) љойгиронии номлавњањо ба таври амудї дар болопўши пештоќ, дар тирезањо, дар пешайвон, дар ќисматњои меъмории намои пеши бино инчунин, дар назди лавњањои меъморї;
б) ранг кардан ё рўйпўш кардани витринањои шишагї бо тасмањоиорододашуда инчунин, иваз кардани онњо бо ќутии равшаниафкан (светокороб);
в) љойгир намудани номлавњањо дар намо, айвон ва ќисмати пањлўии манзилњои истиќоматї(биноњои баландошёна);
г) пурра пўшонидани дарњо, тирезањо, витрина ва витражњои пеши бино бо маводњои рекламавї ё ин ки, њаргуна маводњои пўшонанда;
ѓ) дар канор ва болои болопўши пештоќ насб намудани номлавња ва дигар иттилооти берунї;
д) дар ќисмати девории канори дар ва тирезањо насб намудани маводњои рекламавї;
2.2. Овезалавњањо
Овезалавњањо (панел-пояњо, пуштбонњо ба девор ва панелњои такядор) – иншоотњои дутарафаи рафакии мусаттањи реклама ва иттилооти берунї, ки дар пояњо (сутунпояњои чароѓњои кўчагии шањр, пояњои шабакаи алоќа, пояњои хати троллейбус) ё дар биноњо(танњо дар мувофиќа бо сохторњои дахлдор ва соњибмулкони он) насб карда мешаванд;
2.2.1 Овезалавњањо (панел-пояњо, пуштбонњо ба девор) бояд дар чунин шакл насб гарданд:
а) дутарафа ва дорои рўшноии дохилї бошанд;
б)андозаи намунавии овезалавњањо (панел-пояњо, пуштбонњо ба деворе), ки дар пояњо (ба таври амудї) љой дода мешаванд, на зиёда аз 1,2 х 1,8 м-ро ташкил медињад ва бо маќсади таъмини истифодаи бехатарї ин овезалавњањо (панел-пояњо, пуштбонњо ба девор) бояд дар баландии на камтар аз 4 м насб карда шаванд;
в)овезалавњањои (панел-пояњо, пуштбонњо ба девор)-и дар биноњо васлшаванда бояд дар як хати уфуќии намои пеши бино, дар хати кунљи бино ва иншоот насб гарданд. Масофаи байни ин овезалавњањо на камтар аз 10 м ва аз замин на камтар аз 2,5 м насб карда мешаванд;
г) андозаи умумии овезалавњањои (панел-пояњо, пуштбонњо ба девор)-и дар биноњо васлшаванда аз 0,4*0,6 зиёд набошанд;
2.2.2 Дар намои биноњо насб кардани овезалавњањое (панел-пояњо, пуштбонњо ба деворе), ки барои дар онњо љойгир намудани иттилооти ивазшавандаи рекламавї таъин гардидаанд, манъ карда мешавад;
2.2.3 Масоњати умумии майдони иттилоотии овезалавњањо (панел-кронштейн) аз рўи майдони умумии ду тарафи он муайян карда мешавад;
2.3. Витражњо
Витражњо (шишањои рангини рўшноигузар) – иншоотњои реклама ва иттилооти берунї дар тирезањо, дарњо ва тоќњои биноњо насб карда мешаванд. Таркиби витражњо аз поя, оњанбаст ва сатњи шаффоф иборат аст.
Иттилооти рекламавї дар тарафи дохилии витражи шишагї љой дода мешавад.Витражњо бояд шабона равшан карда шаванд.
Матнњои рекламавие, ки дар витражњо љой дода мешаванд, мувофиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» бояд ба забони тољикї навишта шаванд (ба истиснои тамѓањои ба ќайд гирифташудаи молї ва хизматрасонї). Дар айни њол тамѓањои молї ва тамѓањои хизматрасонии хориљї набояд њуруфоти аз 20 см калон дошта бошанд, на бештар аз 10% майдони витражро ишѓол кунанд ва бояд ба забони тољикї матни шарњдињанда дошта бошанд.
Барои корхонањои махсуси хизматрасонии маишї ба ањолї оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии асбобњои радиоэлектронї, мошину асбобњои маишї дар витражњо сабт намудани номи (тамѓањои молии) ширкатњои истењсолкунандаи техникаи маишие, ки ин корхона ба онњо хизмат мерасонад, иљозат дода мешавад.
Масоњати майдони иттилоотии витраж аз рўи андозаи тасвирњое, ки дар сатњи шаффофи витраж кашида шудаанд, инчунин, аз рўи андозаи таркибњои њаљмие, ки дар дохили витрина љой дода шудаанд, муайян карда мешавад;
2.4. Номлавњаи электронї(экран)
2.4.1. Номлавњаи электронї(экран) – объектњои реклама ва иттилооти берунї инчунин, сатњи равон дошта барои нишон додани тасвир дар сатњи экран аз њисоби нурафкании диодњои рўшноид бањанда, лампањо, дигар манбаъњои рўшної, моддањои акскунандаи рўшної таъин гардидаанд. Масоњати майдони иттилоотии онњо аз рўи андозаи сатњи нурафкан муайян карда мешавад;
2.4.2.Номлавњањои электронии мазкур дар тирезаву пештоќи маѓозаву марказњои хизматрасонї насб карда мешаванд. Андозаи умумии љойгиршавии онњо бояд ба талаботњои умумии муайяннамудаи ќоидањои мазкур мувофиќ бошанд, матни иттилооти рекламавї бо мувофиќаи Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» пањн карда шавад;
2.5. Иншооти муваќќатии реклама ва иттилооти берунї:
2.5.1. Таркиби (конструксияи) лавњапояњои интиќолї (штендерњо) - иншооти муваќќатии реклама ва иттилооти берунї, ки субъектони пањнкунандаи реклама дар соатњои кории худ мегузоранд, манъ аст.Ба истиснои корхонањои хизматрасонии маишї ё дигар субъектони фаъолияти соњибкорие, ки дар биноњои ба кўчаи асосии пиёдагард бевосита баромад надошта (дар тањхонањо, нимтањхонањо, њавлињо ва ѓайра) воќеъ гардидаанд.Дар њолати зикргадида гузоштани лавњапояњои интиќолї (штендерњо) дар гулгаштњо, мавзеъњои сабзкорикардашуда ва роњравњои пиёдагард манъ аст;
2.6. Конструксияњоииттилооти шањрї:
2.6.1. Конструкияњои иттилооти шањрї таркибњое (конструксияњое) мебошанд, ки дар њудуди шањри Душанбе бо маќсади роњнамої ва хизматрасонии маълумотии сокинон ва мењмонони шањри Душанбе њангоми дар шањр њаракат намудани онњо, хабардор намудани ањолї дар бораи воќеањои њаёти шањр, кори маќомоти иљроияи њокимияти давлатиишањри Душанбе насб карда мешаванд;
2.6.2. Конструкияњои иттилооти шањрї ба намудњои зерин таќсим мешаванд:
- аломатњои иттилоотї;
- терминалњои электронии маълумотдињї;
- овезањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатї;
- лавњанигорањои (стендњои) (конструксияњои иттилоотии) дорои иттилоот дар бораи иљрои корњои сохтмон, роњсозї, садамавї ва дигар намудњои кор, ки бо маќсади бехатарї ва огоњонидани ањолї пањн карда мешаванд;
- ороишоти идонаи шањр, ки аз рўи наќшањои мавзўї тибќи амру ќарорњои Раиси шањри Душанбе дар мувофиќа бо Сарраёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбе љойгир карда мешаванд;
2.6.3. Барои насб ва истифодаи иншооти иттилоотии шањрї тартиб додани њуљљатњои иљозатдињї талаб карда намешавад (ба истиснои мувофиќасозї бо Сараёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбе);
2.7. Иншооти ороиши иттилоотї ва рекламавии корхонаю ташкилотњои хизматрасонї ба ањолї:
2.7.1. Иншооти ороиши иттилоотї ва рекламавии корхонаю ташкилотњои хизматрасонї ба ањолї овезањо, лавњадеворањо (панноњои деворї), пояњо, пуштбонњо ба девор ва дигар объектњое мебошанд, ки дар деворњои берунии биноњо ва иншоотњо, дар њудуди онњо, дар љои воќеъшавии онњо бо маќсади хабар додан ба истеъмолкунандагон дар бораи молу хизматњо насб карда мешаванд;
2.7.2 Иншооти ороиши иттилоотї ва рекламавии корхонаю ташкилотњои хизматрасонї ба ањолї ба намудњои зерин таќсим мешаванд:
- овезањо;
- ороишоти иттилоотї (таркибњои (конструксияњои) иттилоотї);
- ороиши рекламавї;
2.7.3 Овеза барои ба маълумоти истеъмолкунандагон расонидани иттилоот дар бораи номи истењсолкунанда (иљрокунанда, фурўшанда), љои воќеъшавї (нишонї) ва рељаи кории он бо маќсади њифзи њуќуќњои истеъмолкунандагон дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон» таъин гардидааст;
2.7.4 Овеза аз тарафи истењсолкунанда (иљрокунанда, фурўшанда) дар љои намоёни бино дар тарафи рост ё чапи даромадгоњи асосии бино ё хонаи ишѓолнамудаашон, инчунин дар ярмаркањо, дўконњо ва дигар љойњои савдо, хизмати маишї ва дигар намудњои хизматрасонї берун аз љои воќеъшавии доимиашон дар мувофиќа бо Сарраёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» насб карда мешаванд;
2.7.5 На бештар аз 0,60 м будани тарафи уфуќї ва 0,40 м будани тарафи амудии овеза; на бештар аз 0,10 м будани њарфњо ва раќамњои овеза иљозат дода мешавад.
Барои насб намудани овеза тартиб додани иљозатнома талаб карда мешавад;
2.7.6 Номгўи намунавии навиштањое, ки дар конструксияњои иттилоотии корхонаю ташкилотњои хизматрасонї ба ањолї сабт карда мешаванд:
а) барои корхонањои савдои чаканаи хўрокворї:
- фурўшгоњ;фурўшгоњи бузург (супермаркет); мањсулоти хўрокї (маѓозаи хўрокворї); маѓозаи махсус;
б) барои корхонањои савдои чаканаи мањсулоти ѓайрихўрокворї:
- фурўшгоњ (хонаи савдо); маркази савдо; маѓозаи махсус.
Эзоњ: барои дар таркибњои(конструксияњои) иттилоотї нишон додани соњаи корхонањои махсусгардондашудаи савдо (майдони савдои як гурўњи молї – зиёда аз 50%) истифода бурдани номњои: «Моњї», «Кулчаќанд», «Кулчаќанд-ќаннодї», «Молњои ќаннодї», «Мањсулоти ширї», «Сабзавоту мевањо», «Либос», «Пойафзор», «Мўина», ва ѓайра, њангоми фурўши молњое, ки аз рўи аломатњои муайяни истеъмолиашон муттањид гардидаанд, истифодаи номњои: «Мањсулоти парњезї», «Молњои мардона», «Туњфањо», «Молњо барои навхонадорон», «Молњои варзишї», «Молњои букинистї», «Молњои атиќа» ва ѓайра иљозат дода мешавад;
в) барои корхонањои хўроки умумї:
- тарабхона; бар; ќањвахона;тезтайёр; газакхона; ошхона; маѓоза-ќаннодї.
Эзоњ: њангоми нишон додани соњаи корхонаи махсусгардондашудаи хўроки умумї истифода бурдани номњои: «Сихкабоб», «Таомњои миллї», «Санбўса», «Ќањвахонаи љавонон», «Ќањвахонаи кўдакон» ва ѓайра иљозат дода мешавад;
г) барои корхонаҳои хизматрасонї ба аҳолї:
- хизматҳои маишї, таъмир ва (ё) истењсоли пойафзор, дўхтан ва (ё) тармими либос (каллапўш, парда, маснуоти мўина, чармї ва ѓайра), таъмири асбобњои рўзгор (навъњои онро нишон додан мумкин аст: асбобҳои радиоэлектронї, мошинҳои рўзгор, яхдон, мошинњои дўзандагӣ, соат ва ѓайра), тайёр кардани калидњо, маснуоти заргарї, тайёр ва (ё) таъмир кардани мебел (навъњои онро нишон додан мумкин аст: мебели нарм, мебели ошхона, мебели бофташуда ва ѓайра), ҷомашўии химиявї (навъњои онро нишон додан мумкин аст: либос, ќолин, маснуоти пару пат, шустани љойпўшњо), сартарошхона (илова кардан мумкин аст: пардози рўй (косметика), пардози нохунњои даст), суратгирї (илова кардан мумкин аст: тайёр кардани сурат), муќовабандї (илова кардан мумкин аст: корњои брошюрасозї), кироядињї (навъҳои онро нишон додан мумкин аст: лавозимоти варзишї, асбобњои хона, асбобњои мусиќї ва ѓайра), хизматњои маросими дафн (илова кардан мумкин аст: хизматњои маросимї), тайёр кардани ёдгорињо (иншоотњои рўиќабрї, тавораи ќабр), ломбард, хизматњои рўбучин (рўбучини биноњо, хонањо, идорањо) ва ѓайра
Навъи корхона: коргоњ (ателйе), хонаи мўд, салон (бо нишон додани навъњои он), маркази техникї, нуќтаи ќабул (бо нишон додани навъњои он), љомашўии химиявї, либосшўї, љомашўїии химиявї-либосшўї; суратгирхона, бюро (гуногун), «Мултисервис», Хонаи маишї.
Номи хизматњои аз тарафи корхона расондашавандаро муттањид кардан мумкин аст: љомашўйии химиявї-либосшўї, таъмири соат ва маснуоти заргарї ва ѓайра;
2.7.7. Корхонањои барои тиљорату таблиѓи бозї њуќуќ доранд дар даромадгоњ таркибњои иттилоотиро бо нишон додани соњаи корхона насб кунанд ва истифода баранд. Дар айни њол истифода бурдани лавозимоту асбобњои техникии иловагї, ки диќќати мизољони имконпазирро ба ин корхонањо љалб менамоянд (стробоскопњо, асбобњои рўшноиву овозї ва њоказо), инчунин, унсурњои ороишї аз рўи мавзўъњои муассисаи ќиморбозї манъ аст;
2.7.8. Навиштањо дар объектњои ороиши иттилоотии корхонаю ташкилотњо бояд ба забони давлатї бошанд. Дар таркибњои иттилоотї насб кардани унсурњои ороишї, инчунин, аломатњои шифоњї, нигоришот (графикї) ё онњо дар якљоягї (ба забони тољикї ё дар овонависии тољикї), ки аз рўи тартиби муќарраршуда ба сифати тамѓањои мол ё аломатњои хизматрасонї ба ќайд гирифта шудаанд, иљозат дода мешавад. Дар айни њол соњиби таркиби иттилоотї барои истифода бурдани тамѓањои молї ё аломатњои хизматрасоние, ки аз рўи тартиби муќаррарнамудаи ќонун ба ќайд гирифта шудаанд, бояд њуќуќ дошта бошад. Тасвири чунин унсурњои ороишї, тамѓањои мол ва (ё) аломатњои хизматрасонї набояд аз иттилооте, ки бо маќсади роњнамоии истеъмолкунандагон љой дода шудааст, зиёд бошад.
Дар матнњои ороиши иттилоотии корхонањо истифода бурдани калимањои хориљие, ки бо овонависии тољикї сабт карда шудаанд (ба истиснои тамѓањои молї ё аломатњои хизматрасонии ба ќайд гирифташуда, ки соњиби конструксияи иттилоотї барои истифодаи онњо њуќуќ дорад), њангоми нишон додани намуд ё соњаи фаъолияти корхона бошад, ба истифодаи ихтисорањо (аббревиатурањо) иљозат дода намешавад;
2.7.9. Насб ва истифодаи иншооти ороиши иттилоотї ва рекламавии корхонаю ташкилотњои хизматрасонї ба ањолї, ба истиснои овезањо, дар асоси иљозатномае, ба амал бароварда мешавад, ки аз рўи тартиби бо њамин Ќоидањо пешбинишуда ба расмият дароварда шудааст;
2.8. Корхонаю ташкилотњои хизматрасонї ба ањолї њуќуќ доранд дар таркибњои иттилоотї иттилооти рекламавии иловагї (ороиши рекламавї) насб кунанд. Тибќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон» матнњои ороиши рекламавї, ба истиснои тамѓањои мол ва аломатњои хизматрасонї, бояд ба забони тољикї навишта шаванд. Тамѓањои мол ва аломатњои хизматрасонии ба ќайд гирифташударо ба забонњои хориљї дар шакли асл ва фаќат ба шарти мављуд будани матни тољикие, ки намуд ва соњаи корхонаро шарњ медињад, истифода бурдан мумкин аст. Дар ин маврид андозаи њарфњои тамѓањои мол ва аломатњои хизматрасонї назар ба баландии њуруфоти асосии матни тољикї, ки намуд ва соњаи корхонаро шарњ медињад, бояд камаш ду маротиба хурдтар бошад. Миќдор ва усулњои тасвири тамѓањои мол ва аломатњои хизматрасонї ба забони хориљї набояд аз матне, ки намуд ва соњаи корхонаро шарњ медињад, бартарї дошта бошад;
3. Ба расмият даровардани њуљљатњои иљозатдињї барои насб намудани номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї
3.1. Талаботњои умумї нисбати ба расмият даровардани њуљљатњо
Ба њуљљатњои иљозатдињї барои насби номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавїин протоколи тартибдодаи Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» ё ин ки худи иљозатномаи дањлдор дохил мешаванд. Шакли иљозатнома барои насб кардани номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї(минбаъд – иљозатнома) аз рўи тартиби муќарраршуда тасдиќ карда мешавад.
Пардохти бољи давлатї барои додани иљозатнома барои насб кардани номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї дар асос ва ба андозаи бо ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќарраршуда ба амал бароварда мешавад.
Маќоми ваколатдор љињати ба расмият даровардани њуљљатњои иљозатдињї барои насб кардани номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавїин Муассисаси давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» ба шумор меравад.
Мурољиати соњибкорони инфиродї ва шахсони њуќуќї бо ариза ё мактуб дар Гурўњи корї оид ба масъалањои ороиши пойтахт ва рекламаву тарѓибот дар шањри Душанбе баррасї карда шуда, тибќи мансубияти њудудии онњо ба минтаќањои насби иншоотњои реклама ва иттилооти берунї дар шањри Душанбе аз рўи тартиб ва муњлати бо њамин Ќоидањо пешбинишуда ба амал бароварда мешавад;
3.2.Иљозатнома барои насб кардани иншооти реклама
ва иттилооти берунї
3.2.1.Рекламапањнкунанда аз рўи тартиби муќарраршуда бо ариза ё мактуб ба Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» мурољиат мекунад. Дар ариза оид ба љойгиршавии њудудї, параметрњои техникї ва намуди зоњирии номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавие, ки љойгир карда мешаванд, маълумот медињад.
Ба ариза њуљљатњое замима карда мешаванд, ки барои мувофиќа њангоми ба расмият даровардани њуљљатњои иљозатдињї ва ба аризадињанда додани њуљљати дархостшаванда зарур мебошанд;
3.2.2. Ариза ё мактубњои рекламапањнкунандагон аз тарафи Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» ба пуррагї омўхта шуда ва дар сурати ба пуррагї мављуд будани њамаи њуљљатњои дахлдоре, ки замима карда мешаванд, онњо ба Гурўњи корї оид ба масъалањои ороиши пойтахт ва рекламаву тарѓибот дар шањри Душанбе барои баррасїирсол карда мешаванд.Дар сурати пешнињод карда нашудани њуљљатњои мазкур ќабули ариза рад карда мешавад;
3.2.3. Муњлати баррасии мактубњо оид ба насби номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї бо дарназардошти тасдиќи пурра аз љониби Гурўњи корї оид ба масъалањои ороиши пойтахт ва рекламаву тарѓибот дар шањри Душанбе то 20 шабонарўзро ташкил медињад.
Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» тибќи протоколи Гурўњи корї оид ба масъалањои ороиши пойтахт ва рекламаву тарѓибот дар шањри Душанбе иљозатномаро барои насб кардани номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї тайёр намуда, ба аризадињанда онро пешнињод менамояд;
3.2.4. Дар сурати рад кардани иљозатномадињї аз тарафи Гурўњи корї оид ба масъалањои ороиши пойтахт ва рекламаву тарѓибот дар шањри Душанбе Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» дар шакли хаттї дарин хусус ба аризадињанда хабар дода,асоси раднамоиро пешнињод менамояд;
3.2.5. Иљозатнома метавонад бо ќарори Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» дар мавридњои муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи реклама»ва инчунин Ќонуни ЉТ «Дар бораи низоми иљозатдињї» яъне, њангоми ба назар расидани њуќуќвайронкунї пеш аз муњлат бекор карда шавад;
3.2.6. Иљозатнома метавонад ба тариќи судї мувофиќи даъвои Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» дар мавридњои муќаррарнамудаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи реклама» ва инчунин Ќонуни ЉТ «Дар бораи низоми иљозатдињї» беэътибор дониста шавад;
4. Баркандан (демонтаж)-и объектњои реклама ва иттилооти берунї
4.1. Баркандан (демонтаж)-и номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї, ки бе иљозати Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» љойгир карда шудааст ё бо шартномаи бекоршуда насб карда шудаанд (љойгиркунонии худсарона), аз њисоби рекламапањнкунанда ё ин ки соњибмулки таркибњои иттилоотивурекламавї ба амал бароварда мешавад;
4.2. Дар сурати иљро нагардидани талаботи мазкур номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї аз рўи тартиби муќарраршуда ба таври маљбурї аз тарафи Муассисаи давлатии «Реклаи берунї ва ороиши шањри Душанбе»таљзия (демонтаж) карда мешаванд ва маблаѓи барои он сарфшуда аз љониби пањнкунандаи он ситонида мешавад;
4.3. Баркандан (демонтаж)-и номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавие, ки соњибонашон муќаррар карда нашудаанд, њузур надоранд ё аз гузарондани демонтаж аз њисоби худ даст мекашанд, аз љониби Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» ба амал бароварда мешавад ва маблаѓи барои он сарфшуда аз љониби пањнкунандаи онситонида мешавад;
4.4. Баркандан (демонтаж), кашонда баровардан ва дар анбор нигоњ доштани объектњои реклама ва иттилооти беруние, ки бо вайрон намудани њамин ќоидањо љойгир карда шудаанд, дар анборњои нигоњдории муваќќатї дар муњлати то як моњ аз рўзи баркандан (демонтаж) ба амал бароварда, санади кашонда баровардани сарватњои моддї ва санади ба нигоњдории масъул супурдани онњо тартиб дода мешавад;
4.5. Баъди аз љониби рекламапањнкунанда пардохт намудани харољоти баркандан (демонтаж), интиќол ва нигоњдорї объектњои баркандашуда (демонтажшуда) аз рўи тартиби муќарраргардида ба соњибонашон баргардонида мешаванд;
4.6. Њаќќи корњои ташкилоти пудратї(паймонкорї) оид ба иљрои амр дар бораи баркандан (демонтаж), кашонда баровардан, дар анбор нигоњ доштан ва истифода бурдани партови объектњо аз маблаѓњои маќсадноки фонди буљетии реклама ва иттилооти шањрї пардохт намуда, сипас ин харољотњо аз рўи тартиби муќарраргардида аз љониби рекламапањнкунанда љуброн карда мешаванд;
4.7. Харољоти корњои баркандан (демонтаж)-и маљбурї бо талаби Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» аз њисоби рекламапањнкунанда ва ё соњибмулки номлавња ва дигартаркибњои иттилоотивурекламавї, ки онро худсарона насб ва љойгир намудаант, љуброн карда мешавад;
5. Маќомоти ваколатдор оид ба мувофиќа кардани насб ва истифодаи номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї
5.1. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» сохтори соњавии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе мебошад, ки барои ба амал баровардани вазифањои марбут бо насб ва истифодаи объекти реклама ва иттилооти берунї(номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї) дар њудуди шањри Душанбе ваколатдор аст;
5.2 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» чунин амалњоро анљом медињад:
- вазифаи ќабул ва баррасии аризањои соњибмулк ё дигар соњибони ќонунии моликияти ѓайриманќули дахлдор ё соњибони объектњои реклама ва иттилооти беруниро(номлавња ва дигар таркибњои иттилоотиву рекламавї) дар бораи додани иљозатнома барои насб намудани онњо иљро менамояд;
- ќарорњои барои ќабул заруриро дар бораи додани иљозатномањо бо маќомоти ваколатдор мувофиќа мекунад, иљозатномањоро ба расмият медарорад ва медињад;
- дар бораи бекор кардани иљозатномањо ќарор ќабул мекунад;
- вазифаи фармоишгари давлатиро барои иљрои амру ќарорњои Раиси шањри Душанбе амалї менамояд.
- тањияи консепт-барнома ва лоињањои насб кардани объектњои реклама ва иттилооти берунї дар моликияти шањри Душанбе;
- корњои вобаста бо амалисозии ваколатњои Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе;
5.3 Сарраёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбе дар асоси талаботи њамин Ќоидањо лоињањои консепт-барномањои насби иншоотњои рекламаи беруниро мувофиќа мекунад;
5.4 Маќомотњои иљроияи њокимияти давлатї дар ноњияњои шањри Душанбе оид ба амалишавии ќоидањои мазкур дар робита бо Муассисаи давлатии «рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» масъуланд;
Замимаи №2
ба ќарори Раиси шањри Душанбе
аз 3 отябри соли 2019, №598
ЗАМИМАИ ГРАФИКЇ БА ЌОИДАЊОИ
ЉОЙГИРКУНИИ НОМЛАВЊАЊО ВА ДИГАР
ТАРКИБЊОИ ИТТИЛООТИВУ РЕКЛАМАВЇ
ДАР ШАЊРИ ДУШАНБЕ
10. Банди 2.1.2, зербанди а) – љойгиронии номлавњањо ба таври амудї дар болопўши пештоќ, дар тирезањо, дар пешайвон, дар ќисматњои меъмории намои пеши бино инчунин, дар назди лавњањои меъморї;
11. Банди 2.1.2, зербанди в) – љойгир намудани номлавњањо дар намо, айвон ва ќисмати пањлўии манзилњои истиќоматї(биноњои баландошёна);
12. Банди 2.1.2, зербанди г) – пурра пушонидани дарњо, тирезањо, витрина вавитражњои пеши бино бо маводњои рекламавї ё ин ки, њаргуна маводњои пушонанда;
13.Банди 2.1.2, зербанди ѓ) - дар канор ва болои болопўши пештоќ насб намудани номлавња вадигари ттилооти берунї;
14. Банди 2.1.2, зербанди д) - дар ќисмати девории канори дар ва тирезањо насб намудани маводњои рекламавї;
15.Банди 2.2, зербанди б) – андозаи намунавии овезалавњањо (панел-кронштейнњое), ки дарпояњо (ба таври амудї) љой дода мешаванд, на зиёда аз 1,2 х 1,8 м-ро ташкил медињад ва бо маќсади таъмини истифодаи бехатарї ин овезалавњањо (панел-кронштейнњо) бояд дар баландии на камтар аз 4 м насб карда шаванд;
16. Банди 2.2, зербандив) - овезалавњањои (панел-кронштейнњо)-и дар биноњо васлшаванда бояд дар як хати уфуќии намои пеши бино, дар хатикунљи бино ва иншоот насб гарданд. Масофаи байни ин овезалавњањо на камтар аз 10 м ва аз замин на камтар аз 2,5 м насб карда мешаванд;
17. Банди 2.4.1 - Номлавњањои электронии мазкур дар тирезаву пештоќи маѓозаву марказњои хизматрасонї насб карда мешаванд.
18. Банди 2.5.1 - Таркиби (конструксияи) лавњапояњои интиќолї (штендерњо) – иншооти муваќќатии реклама ва иттилооти берунї, ки субъектони пањнкунандаи реклама дар соатњои кории худ мегузоранд, манъ аст.