Қарори раиси шаҳри Душанбе №211 аз 18.04.2023

   

 Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои пардохт барои ҷойгир ва паҳн намудани номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар шаҳри Душанбе

 

    Бо мақсади танзим ва ҷойгиркунонии номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва муқаррар намудани меъёрҳои пардохт барои паҳн намудани номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ, бо инобати хулосаи мусбии Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 18 январи соли 2023, №19 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», моддаҳои 4, 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2006, №214 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодабарии қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон»


ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои ҷойгир ва паҳн намудани номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.


2. Нақшаи истифодаи ҳисобкунии коэффитсенти ҷойгиршавии минтақавии номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ аз рўи тақсимбандии минтақаҳо тибқи замимаи 2 тасдиқ ва муқаррар карда шавад.


3. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ҳамчун сохтори ваколатдор бо инобати таҳлилу баррасӣ, додани иҷозати паҳни ҳама намудҳои номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавиро таъмин намуда, дар якҷоягӣ бо Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе назорати иҷрои воридоти саривақтиву пурраи пардохти маблаѓи ҳатмӣ ба буҷетро барои паҳни номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида таъмин намоянд.


4. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 02 майи соли 2019, №258 «Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои пардохт барои ҷойгир ва паҳн намудани рекламаи берунӣ дар шаҳри Душанбе» аз эътибор соқит дониста шавад.


5. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.


6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.


Рустами Эмомалӣ



 


Замимаи 1

ба қарори Раиси шаҳри Душанбе
аз «18» апрели соли 2023, №211


Тартиб ва меъёрхои пардохт
барои ҷойгир ва паҳн намудани номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар шаҳри Душанбе

1. Ҷойгиркунонии номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар шаҳри Душанбе тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 3 октябри соли 2019, №598 «Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои Ҷойгиркунии номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар шаҳри Душанбе» ба амал бароварда мешавад.
2. Пардохт барои паҳн намудани номлавҳа ва дигар таркибҳои иттилоотиву рекламавӣ дар намои берунии нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар мавзеъҳое, ки барои ҷалби диққати истеъмолкунандагон барои фурўши мол, кор ва хизматрасонӣ пешбинӣ карда шудаанд ва инчунин, пардохт барои паҳни маводҳои иттилоотиву рекламавӣ дар барандаҳои рекламавии устувори мавзеии ҳудуди шаҳри Душанбе бо формулаи зерин муайн карда мешавад:

П=МБ х S х М х К1 х К2 х К3

П - пардохт барои паҳн намудани рекламаи берунӣ

МБ – меъёри базавӣ, ки он ба 55 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар мебошад;

S - масоҳати иттилоотии воситаи рекламаи берунӣ (м2);

М - муҳлати ҷойгиршавии воситаи рекламаи берунӣ (1 моҳ, мавриди ҳисобкунӣ ба як рўз -1/30,5);

К1- коэффитсиенти ҷойгиршавии минтакавӣ:
- минтақаи якум - 1,2
- минтақаи дуюм - 1
- минтақаи сеюм – 0,9

К2- коэффитсент вобаста аз масоҳати иттилоотии як тарафи воситаи рекламаи берунӣ;
- то 18 м2 - 1,5
- 18 м2 – 1,0
- зиёда аз 18 м2 – 0,8
К3 - коэффитсиент вобаста ба истифодаи технологияҳои пешқадами муоссир;
- бе рушноии дохилӣ (ѓайр аз конструксияҳое, ки тасвирашон автоматикӣ иваз карда мешавад ё инъикоскунандаи рушноӣ мебошанд-1,5
- бо рушноии дохилӣ, объектҳои бадеӣ (арт-объектҳо) ва тўҳфаҳо – 1,0
- бо истифодаи технологияҳои пешқадами муосир – 0,9

3. Пардохт барои паҳни маводҳои иттилоотиву рекламавӣ тариқи воситаҳои техникии видеоӣ (монитор, экран, табло, проектор), ки дар шаҳри Душанбе насб гардидаанд, илова ба масоҳати барандаи рекламавӣ, инчунин нисбати вақти паҳни он аз рўи формулаи зерин муайян карда мешавад:

П=(МБ х S х М х К1 х К2 х К3 ) + (МБ х S х М х К1 х К2 х К3)


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»