Замимаи №2
ба ќарори Раиси шањри Душанбе
аз «___»__________соли 2019, №____
ЗАМИМАИ ГРАФИКЇ БА ЌОИДАЊОИ
ЉОЙГИРКУНИИ НОМЛАВЊАЊО ВА ДИГАР
ТАРКИБЊОИ ИТТИЛООТИВУ РЕКЛАМАВЇ
ДАР ШАЊРИ ДУШАНБЕ
10. Банди 2.1.2, зербанди а) - љойгиронии номлавњањо ба таври амудї дар болопўши пештоќ, дар тирезањо, дар пешайвон, дар ќисматњои меъмории намои пеши бино инчунин, дар назди лавњањои меъморї;
11. Банди 2.1.2, зербанди в) - љойгир намудани номлавњањо дар намо, айвон ва ќисмати пањлўии манзилњои истиќоматї(биноњои баландошёна);
12. Банди 2.1.2, зербанди г) - пурра пушонидани дарњо, тирезањо, витрина ва витражњои пеши бино бо маводњои рекламавї ё ин ки, њаргуна маводњои пушонанда;
13. Банди 2.1.2, зербанди ѓ) - дар канор ва болои болопўши пештоќ насб намудани номлавња ва дигар иттилооти берунї;
14. Банди 2.1.2, зербанди д) - дар ќисмати девории канори дар ва тирезањо насб намудани маводњои рекламавї;
15.Банди 2.2, зербанди б) - андозаи намунавии овезалавњањо (панел-кронштейнњое), ки дар пояњо (ба таври амудї) љой дода мешаванд, на зиёда аз 1,2 х 1,8 м-ро ташкил медињад ва бо маќсади таъмини истифодаи бехатарї ин овезалавњањо (панел-кронштейнњо) бояд дар баландии на камтар аз 4 м насб карда шаванд;
16. Банди 2.2, зербанди в) - овезалавњањои (панел-кронштейнњо)-и дар биноњо васлшаванда бояд дар як хати уфуќии намои пеши бино, дар хати кунљи бино ва иншоот насб гарданд. Масофаи байни ин овезалавњањо на камтар аз 10 м ва аз замин на камтар аз 2,5 м насб карда мешаванд;
17. Банди 2.4.1 - Номлавњањои электронии мазкур дар тирезаву пештоќи маѓозаву марказњои хизматрасонї насб карда мешаванд.
18. Банди 2.5.1 - Таркиби (конструксияи) лавњапояњои интиќолї (штендерњо) - иншооти муваќќатии реклама ва иттилооти берунї, ки субъектони пањнкунандаи реклама дар соатњои кории худ мегузоранд, манъ аст.