ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №152 АЗ 12.03.2021
Дар бораи баргузор намудани Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” дар шаҳри Душанбе
Ҷиҳати татбиқи банди 16 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2021, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 феврали соли 2021, №120 тасдиқ гардидааст ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” рӯзҳои 16 – 19 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” ва ҳайати Кумитаи тадорукоти он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шавад.
Муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукот якҷо бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” дар шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ андешанд.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории Фестивали мазкур муқаррар карда шуда, ҷиҳати ташкилу ҷамъбасти он чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд.
Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
15.03.2021 06:08
296
Ахборот