ВОХӮРӢ БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

 

ш.Душанбе. 20.04.2021. Имрӯз дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдони ин муассисаи олии кишвар баргузор гардид. Дар оғоз ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур суханронӣ намуда, доир ба мақсаду маром ва ҳадафи суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ ибрози назар намуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода дар суханронии худ бо ёдоварӣ аз Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра таваҷҷуҳи ҳозиринро ҷалб намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз мамлакати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаааст.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки халқи кишвар дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин рӯ, мо - сокинони пойтахтро зарур аст, ки чун ҷузъи ҷудонопазири халқи шарафманди тоҷик ин санаи муҳимро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар пешвоз бигирем.

Дар чорабинӣ дигар аъзои гурӯҳи таблиғотӣ низ ба сухан баромада, аз хусуси масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, ободониву сабзгардонӣ, бунёди биноҳои муҳташам ва муассисаҳои таълимӣ, таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ, роҳу ҷодаҳои ҷавобгӯй ба меёрҳои байналхалқӣ дар чаҳор навоҳии пойтахт ва дигар дастовардҳои солҳои охир дар шаҳри Душанбе ва мамлакат, инчунин, дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа андешаронӣ намуданд.

Мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби арзишҳо ва дастовардҳои 30-соли Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт, бо суолу ҷавоб ва андешарониҳои судманд анҷом ёфт.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»