ҲАМОИШИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ"

ш. Душанбе. 26.04.21. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори фарҳангии муассисаи таҳсилоти умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамоиши раисони Кумитаҳои падару модарон ва роҳбарони муассиссаҳои таълимии пойтахт таҳти унвони «Либоси миллӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои дахлдор, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва намояндагони кумитаи падару модарон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Кори Ҳамоишро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш иброз намуд, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун миллати фарҳангӣ ва фарҳангсолору фарҳангсоз муаррифӣ гардида, дар ганҷинаи фарҳанг ва тамаддуни башарият бо забону адабиёт, урфу одат, расму оин ва анъанаҳои некаш шинохта шудааст. Насли имрӯзро дар баробари ифтихормандӣ инчунин водор менамояд, ки баҳри ҳифзу муаррифии шоистаи онҳо дар назди ҷомеа ва дигар халқу миллатҳо масъулиятшинос бошанд. Ин ганҷинаи бебаҳои ғайримоддии миллати куҳанбунёди худро омӯхта, қадр, ҳифз ва муаррифӣ намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд. Дар ҳамоиши мазкур инчунин роҳбарияти вазорату идораҳо ва кумитаҳои падару модарон ва роҳбарони муассиссаҳои таълимии пойтахт ба сухан баромада, оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамчун нишонаи фарҳанги миллии халқамон андешаҳои хешро иброз намуданд. Таъкид карда шуд, ки бояд масъулини соҳаи маориф бештар ташаббус нишон дода, дар тарғиби либоси миллӣ миёни наврасону ҷавонон бо гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, дарсҳои кушоди намунавӣ ва мулоқоту вохӯриҳои мунтазам бо волидайни хонандагон фаъол бошанд. Дар фарҷом иштирокчиёни ҳамоиши “Либоси миллӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ” ба қароре омаданд, ки баҳри тарғиби сару либоси миллӣ дар байни наврасону ҷавонон ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва падару модаронро боз ҳам тақвият бахшида, дар ин самт бо ташкили чорабиниҳои гуногуни фарзангиву маърифатӣ, тарғиби оммавии истифодаи либоси миллиро ба роҳ мемонанд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»