ҲАМОИШИ ШАҲРИИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ.

 

ш.Душанбе 22.05.2021 Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии таълимии Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҳамоиши шаҳрии гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳри Душанбе доир гардид, ки дар он Муинӣ Мавсума Муинзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Қисмати тантанавии Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раҳимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Сипас Муинӣ Мавсума Муинзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоиш ва махсусан ҷавононро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ҷиҳати ғамхорӣ ва дастгириҳои давлату ҳукумат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавононро хотирнишин намуданд.
Ҳамзамон, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ - Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иштирокчиёнро дониши хубу аъло ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ доштанашон даъват ба амал оварданд.
Инчунин, Назирзода Маҳмадсаид Мадисайн - муовини директори Литсейи Президенӣ, Зиёева Зайнаб - гирандаи стипендияи Президентӣ, хонандаи синфи 10 - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 - и ноҳияи Фирдавсӣ, Саидова Шукрона - гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, хонандаи Литсейи № 2 барои хонандагони болаёқат, Файзов Шоҳрух - гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, хонандаи Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Одинаев Муҳаммадёсин - гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, хонандаи Литсейи Президентӣ ва Ёрбобозода Хадича, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 - и ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ миннатдории худашонро баён намуданд.
Дар фарҷоми суханронӣ як қаттор омӯзгорону хонандагони Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои намоён миёни литсейҳои ҳарбии 16 давлат, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид ва ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ бо Ифтихорномаи таъсиснамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози зинда садо дод.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»