ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №573 АЗ 01.10.2021

 

01 Октябри 2021, Ҷумъа
Дар бораи ҳавасмандгардонии омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгорони шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазоворгардида, тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бахшида ба таҷлили «Рӯзи омӯзгорон» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.Рӯйхати омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, барои ҳавасмандгардонӣ тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасманд намудани омӯзгорон тибқи замимаи 2 барои ҳар кадоме ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ ва дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 237000 (ду саду сиву ҳафт ҳазор) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф пешбинигардида ҷудо намояд.

3.Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии омӯзгорон тадбирҳо андешанд.

4.Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», «Рӯзномаи Паёми Душанбе» қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»