ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №579 АЗ 06.10.2021

 

07 Октябри 2021, Панҷшанбе
Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии гулҳо - «Душанбе - шаҳри гулрез» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва тарғиби зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт, бо инобати Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 14 июли соли 2021, №60, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,

ҚАРОР МЕКУНАМ:

Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ, озмуни шаҳрии гулҳо - «Душанбе - шаҳри гулрез» баргузор карда шуда, талаботи Консепсияи кабудизоркунии шаҳри Душанбе дар ин маврид ба инобат гирифта шавад.
Ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо - «Душанбе - шаҳри гулрез» тибқи замимаи 1 тасдиқ гардида, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи гузаронидани озмун тибқи замимаи 2 ва меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмун тибқи замимаи 3 ба роҳ монад.
Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани озмун ва то 15 майи ҳар сол ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Гурӯҳи кории шаҳрӣ натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 30 майи ҳар сол ҷамъбаст намояд.
Аз ҷониби гурӯҳи кории шаҳрӣ ғолибони озмуни шаҳрӣ барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюми озмун «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблаѓи 7 000 (њафт њазор) сомонї ва барои ѓолиби љойи сеюми озмун «Дипломи дараљаи 3» ва мукофот ба маблаѓи 5 000 (панљ њазор) сомонї сарфароз гардонида шаванд.
Сарраёсати молияи шањри Душанбе аз њисоби маблаѓњои барои иљрои вазифањои пойтахти Љумњурии Тољикистон пешбинишуда ба бахши муњосиботи дастгоњи Раиси шањри Душанбе љињати мукофотонидани ѓолибони озмуни шањрї аз рўи панљ номинатсия 110 000 (як саду дањ њазор) сомонї дар соли 2022 људо намуда, дар солњои оянда маблаѓњои заруриро таъмин намояд.
Ќарори мазкур барои тасдиќ ба Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе пешнињод карда шавад.
Шуъбаи иттилооти дастгоњи Раиси шањри Душанбе, инъикоси васеи муњтавои ќарори мазкур ва рафти озмунро тавассути воситањои ахбори омма таъмин намояд.
Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шањри Душанбе, сарпарасти соња гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»