ш.Душанбе. 25.11.2021. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеровро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии сафири Озарбойҷонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ карданд, ки барои тақвияти муносибатҳои байни ду давлати дӯст иқдомҳои зарурӣ пеш мегирад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ карда, рушди рӯзафзуни онро дар муддати сӣ соли гузашта таъкид намуданд.
Ҳамчунин дар рафти суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва байниминатқавӣ, аз ҷумла таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.