РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: САТҲ ВА СИФАТИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТҲОИ МОБИЛӢ БЕҲБУДИРО ТАҚОЗО ДОРАД

 

Дар ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баробари таҳлилу баррасии дигар соҳаҳо, ба соҳаи алоқаҳои мобилӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, сатҳи хизматрасонии онҳоро аз ҳар ҷиҳат такмилталаб арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар бисёри ҳолатҳо он имконоте, ки ширкатҳо дар рӯнамоиҳои хизматрасониҳояшон инъикос менамоянд, ба воқеият ҷавобгӯ нест.

Инчунин аз пешравињои соњаи алоќа дида, сифати алоқа ва суръати интернет бениҳоят суст буда, таҷҳизот ва дастгоҳҳои соҳа зарурият ба таҷдиду навсозӣ доранд.

Бинобар ин, ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҷиҳати воридоти таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сифатнокии хизматрасонии алоқа ва интернет ва бартараф намудани дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҳои таъхирнопазир андешанд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»