13 Декабри 2021, Душанбе
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 24 декабри соли 2021, соати 900 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда шавад.
Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58.
2.2. Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2021»».
2.3. Дар бораи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2020.
2.4. Дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанги шаҳри Душанбе.
2.5. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаҳои 1,2,9 ва 12 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №7.
2.6. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №9.
2.7. Дар бораи танзими парвариш ва нигоҳдории ҳайвонот дар баъзе минтақаҳои шаҳри Душанбе.
2.8. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 22 декабри соли 2021 таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ