ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ ПЛЕНАРИИ ФОРУМИ VII БАЙНИПАРЛАМЕНТИИ «ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ: НЕРУИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИМИНТАҚАВӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

 

Субҳи 25 феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» доир гардид.

Дар кори форуми байнипарламентӣ доираи васеи ҳайатҳои парламентӣ, намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва Россия иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласаи пленарӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.

Сипас, дар ҳузури раисони палатаҳои болоии парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маросими баимзорасонии Созишномаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Челябински Федератсияи Россия дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва башардӯстӣ баргузор гардид.

Баъдан, кори Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» таҳти раёсати ҳамраисони Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия - муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлев идома ёфт.

Таъкид карда шуд, ки ҳамкории самараноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо ҳам дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ бо маром рушду тавсеа ёфта, марҳилаҳои сифатан навро касб менамоянд ва муколамаҳои пайвастаи сатҳи баланд заминагузори рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва байниҳукуматии Тоҷикистону Россия гардидаанд.

Аз ҷумла мулоқоту вохӯриҳои доимии роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо, баргузории форуму конференсияҳои байнипарламентӣ, кори Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, инчунин иштироки намояндагони парламентҳо дар интихоботу раъйпурсиҳо дар рушди робитаҳои байнипарламентӣ нақши созгор дорад.

Дар ҷараёни форум ҳамчунин аъзои ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Россия суханронӣ намуда, доир ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни минтақаҳо, вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Россия, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ,меҳнат, муҳоҷират, илму маориф ва тандурустӣ байни ҳам табодули афкор намуданд.

Бо мақсади рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои Форуми байнипарламентии Тоҷикистон ва Россия, иштирокдорони он барои қабули тавсияҳо дар бахши меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамкории байнипарламентӣ, фаъолияти лоиҳавию барномавӣ, ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рақамикунонии иқтисод, ҳамкорӣ дар масъалаи низомҳои миллии кортҳои пардохтӣ ва инфрасохтори пардохтӣ, истеҳсолоти агросаноатӣ, муҳоҷират, илм, маориф ва фарҳанг ба мувофиқа омаданд.

Дар фарҷом бо назардошти тавсияҳои мизҳои мудаввар ва табодули андешаи иштирокдорон, Ҳуҷҷати ниҳоии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» қабул карда шуд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»