ш.Душанбе. 03.03.2022. Нимаи дуюм рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор доранд, бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Сахиба Гафарова дар ҳузури ҳайатҳои васеи ду ҷониб мулоқот доир намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ, дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин ҷанбаҳои муҳимми муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ баррасӣ гардид.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми нахустин сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳамтояшон изҳори сипос карданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстии анъанавӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо Озарбойҷон, ки дар натиҷаи муколамаи доимии сиёсӣ дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, аҳамияти хоса медиҳад.
Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон фаъол гардида, таъсиси Гурӯҳҳои дӯстӣ ба ин раванд мусоидат намуд. Инчунин, Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар ҳошияи сафари расмӣ ба имзо расонида мешавад, заминаҳои иловагиро барои тақвияти минбаъда ва такмили муҳтавои муносибатҳои байнипарламентӣ фароҳам хоҳад овард.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба тақвияти тамосҳо бо намояндагони парламенти Озарбойҷон дар доираи Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Парламентии Осиёӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид таваҷҷуҳи хосса медиҳад.
Дар идомаи музокироти байнипарламентӣ вобаста ба масоили ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Озарбойҷон мубодилаи афкор сурат гирифта, сатҳи онҳо, бахусус дар доираи СММ мусбат арзёбӣ карда шуд.
Дар робита ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибҳо вусъати ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар заминаи назарраси ҳуқуқӣ, ки 59 ҳуҷҷатро дар бар гирифтааст, зарур шумориданд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, пешниҳод гардид, ки дар ҳошияи таҷлили сисолагии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ доир карда шавад.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуда, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро зарур шумориданд. Аз ҷумла, бахшҳои сохтмону нақлиёт, телекоммуникатсия, энергетика, саноат, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Озарбойҷон ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.
Инчунин, ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карда, атрофи қазияи Афғонистон ибрози назар намуданд.
Дар охири мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Сахиба Гафарова даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Пас аз мулоқоти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.