МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО САРВАРИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ШАҲРИ БОКУ ЭЛДАР АЗИЗОВ

 

ш.Душанбе. 03.03.2022. Дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сарвари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку муҳтарам Элдар Азизов мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳошияи равобити дӯстонаи ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарони олии ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиевро дар тавсеаву тақвияти тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстонаи тарафайн таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар мубодилаи таҷриба дар байни субъектҳои хоҷагидории шаҳрҳо ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Дар фарҷоми музокирот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва сарвари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку муҳтарам Элдар Азизов Созишнома дур бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расониданд.

 


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»