ИДОМАИ САФАРИ РАСМИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН

 

 

ш.Душанбе. 04.03.2022. Нимаи дуюми рӯзи 4 март дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳони ӯ аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал оварданд. Агентии мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев соли 2012 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он сарфа намудани хароҷот ва вақти шаҳрвандон ҳангоми ба амал баровардани хизматрасониҳои давлатӣ, бартарафсозии монеаҳои идоравӣ, баланд бардоштани шаффофият, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, эътимод ба мақомоти давлатӣ ва истифодаи васеи хизматрасониҳои электронӣ ба ҳисоб меравад. Иттилоъ дода шуд, ки дар марказҳои агентии мазкур шаҳрвандон метавонанд новобаста аз маҳалли бақайдгирӣ, аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо ва 30 ширкату корхонаҳои хусусӣ беш аз 320 намуди хизматрасонии электрониро тибқи принсипи «равзанаи ягона» истифода баранд. Давомнокии миёнаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон 5-10 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе дар шаҳри Боку ҳамчунин ба Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев ташриф оварданд. Дар ҳудуди Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев маркази конгресс, осорхонаи ба номи Ҳайдар Алиев ва толорҳои гуногуни намоишӣ арзи вуҷуд дошта, фаъолияти он ба омӯзиши бунёдии фалсафаи эъмори давлатдорӣ ва идеологияи озарбойҷонии нахустин Президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, рушди ҳамаҷонибаи таърих, забон, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва маънавии ин диёр нигаронида шудааст. Маркази мазкур соли 2012 аз рӯи лоиҳаи меъмор Заҳа Ҳадид бунёд гардида, яке аз рамзҳои Бокуи муосир маҳсуб мешавад. Соли 2014 он ҳамчун беҳтарин бино дар ҷаҳон эътироф гардид.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»