ш.Душанбе 07.03.2022. Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 марти соли 2022, №97 дар бораи ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва занони собиқадору фаъол дар доираи анъаноти шаҳрдорӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии «Наврӯз», бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт дар дар толорҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маросими супоридани тӯҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе масъулин, занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва занони собиқадору фаъол ноҳияҳои пойтахтро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои беназир, саодату пирӯзи таманно намуда, дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ба 4000 нафар занону бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ тақдим карданд.
Ҳамчунин дар доираи таҷлили «Рўзи Модар» муовини Раиси шаҳри Душанбе бо ҳамроҳии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт ба аёдати занони собиқадор рафтанд. Тадбири мазкур бо пайгирии нишондоди банди 5-уми нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Модар ташкилу роҳандозӣ гардид. Иҷрои чунин амал қадршиносии меҳнати собиқадорон маҳсуб ёфта, амалӣ намудани он дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст. Занони собиқадор аз он меболанд, ки зери сиёсати Президенти кишвар фаъолият кардаву дар Ватани ободу осуда умр ба сар мебаранд. Зимни аёдат аз дастгириҳои занон дар ҳама соҳаҳо ёдоварӣ карда шуд. Занони собиқадор бо хушнудӣ сипоси хешро ба роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдории Душанбе нисбати ғамхориву дастгириашон баён карданд.
Мавриди зикр аст, ки ин ҳама ғамхориву қадршиносӣ ва эҳтиром нисбати модарону бонувон бо ташаббусу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мунтазам амалӣ мегардад.