ИҶЛОСИЯИ VI МАҶМААИ УМУМИИ "ФОРУМИ РАИСОНИ ШАҲРҲОИ ОСИЁ"

 

ш.Душанбе. 09.03.2022. Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" Иҷлосияи V1 Маҷмааи умумии "Форуми Раисони шаҳрҳои Осиё" ба кори худ оғоз намуд.
Дар кори Иҷлосия намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идора, корпуси дипломатӣ, Дабири кулли Созмони "Форуми Раисони шаҳрҳои Осиё", роҳбарону намояндагони беш аз 40 шаҳрҳои қитъаи Осиё ҳузуран ва маҷозӣ, намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин намояндагони дигар ниҳодҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок мекунанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни паёми шодбошӣ ташрифи меҳмононро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, баргузории иҷлосияи навбатии Созмонро дар ибтидои фасли зебои баҳор ва арафаи ҷашни Наврӯз аз ояндаи дурахшон ва таҳкиму густариши робитаҳои бисёрҷонибаи байни шаҳрҳои Осиё арзёбӣ намуданд.
Тавре зикр гардид, имрӯз шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (Мегаполис), Ташкилотҳои байналхалқии бародаршаҳрҳо, шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ ва Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои Сайёҳӣ буда, айни замон бо 20 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои дӯстона ва бародарона дорад.
Шаҳри Душанбе бо дарназардошти имконияту дастовардҳо солҳои охир ҳамчун макони амнтарин, беҳтарин шаҳри сайёҳӣ ва гаштугузори шабона, инчунин пойтахти фарҳангии кишварҳои минтақа пазируфта шуд.
Тайи ду рӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба майдони бузурги мубоҳисаҳо ва макони муколамаи шаҳрҳо табдил мегирад.
Дар чорабинӣ роҳбарони шаҳрҳо суханронӣ намуда, оид ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногуни мавриди назар арзи матлаб намуданд.
Дар Иҷлосия иштирокчиёни он дар 5 ҷаласаҳои пленарӣ оид ба мавзӯъҳои " Шаҳрҳои ҳушманд ("Смарт ситиз"), "Сайёҳати шаҳрӣ", "Устувории шаҳрӣ ", "Беҳтарсозии шаҳрӣ" ва "Саломатии шаҳрӣ" мубодилаи афкор менамоянд.
Ҳамзамон дар ҳошияи кори Иҷлосия як қатор вохӯриҳои дуҷонибаи Роҳбарони шаҳрҳои иштирокчӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҷараёни баргузории Иҷлосия иштирокчиёни он бо дастовардҳои пойтахт тайи даврони соҳибистиқлолӣ шинос шуда, аз як қатор маконҳои таърихӣ ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат дидан мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Форуми раисони шаҳрҳои Осиё ҳамчун созмони байналмилалии ғайриҳукуматӣ соли 2008 таъсис дода шудааст. Пешниҳод оид ба таъсиси созмони мазкур зимни Ассамблеяи парлумонҳои Осиё дар соли 2007 манзур гардидааст.
Ҷаласаи таъсисёбӣ ва якумин Ассамблеяи Генералии ин созмон дар шаҳри Теҳрон бо иштироки зиёда аз 90 раисон ва роҳбарони шаҳрҳои Осиё баргузор гардид.
Шиори Форуми раисони шаҳрҳои Осиё чунин аст: “Осиё барои шаҳрвандон: ҳамгироӣ барои зиндагии беҳтар” ва мақсадии асосии он - рушди ҳамкориҳо ва якпорчагии шаҳрҳо ва шаҳрвандони Осиё мебошад.
Иҷлосияҳои Форуми раисони шаҳрҳои Осиё ба таври зайл доир гардиданд: - дуюм (2011, Истанбул, Туркия), сеюм (2012, Банкок, Таиланд), чорум (2014, Хайкоу, ҶМЧ) ва панҷум (2018, Ғозиёнтеп, Туркия) .
Айҳи ҳол 96 шаҳр аз 34 давлати дунё аъзои Форуми раисони шаҳрҳои Осиё мебошанд.
Иҷлосияи V1 Маҷмааи умумии "Форуми раисони шаҳрҳои Осиё" дар шаҳри Душанбе ду рӯз идома ёфта, бо қабули Эъломияи Душанбе ҷамъбаст мегардад.
Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ намуданд, ки Иҷлосияи шашуми Маҷмааи умумии "Форуми раисони шаҳрҳои Осиё" ҷиҳати муттаҳид намудани талошҳои роҳбарони шаҳрҳо барои роҳандозии иқдомоти боз ҳам фаъолтар ва андешидани чораҳои заруриву муносиб саҳми сазовор хоҳад гузошт.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»