МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ ГЕНГЕШИ ТУРКМАНИСТОН

 

Имрӯз дар ҳошияи сафари расмии худ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон Гулшад Маммедова мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо изҳори қаноматмандӣ намуданд, ки ҳамкориҳои судманди байнипарламентӣ ба густариши муносибатҳои дӯстонаи мардуми ду кишвар мусоидат менамоянд.
Зимни мулоқот дар атрофи дигар масъалаҳои афзалиятдори дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»