МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

 

ш.Душанбе. 08.06.2022. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тосихиро Аики мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон мавриди музокирот қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе ҷаноби Тосихиро Аикиро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Ҷопон ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд.
Иштирокчиёни мулоқот манфиатдории худро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷопон, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, маориф, сохтмони роҳу пулҳо, рақамикунонии самти обу корезӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои гуногун таъкид намуданд.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»