ш.Душанбе 08.06.2022. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷаноби Марк Боуманро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Меҳвари асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба оид рушди нақлиёти шаҳрӣ, масъалаҳои татбиқи нақшаи шаҳри сабз, барномаҳои сармоягузорӣ ва афзоиши иқтидори шаҳр, фароҳамсозии шароит баҳри бунёди ояндаи беҳтару устувор барои Душанбешаҳр ва сокинони он, сохтмони роҳу эстокадаҳо ва дигар самтҳои барои ҳарду ҷониб муфид ташкил дод.
Раиси шаҳри Душанбе ва ноиби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамчунин мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои нав баррасӣ карданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои барои ҳару ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.
Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.