Бо мақсади шаффофият дар интихоби дурусти шахси ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ҳиссагузорон ва аз байн бурдани ҳолатҳои батаъхирандозии анҷоми корҳои сохтмони бинову иншоотҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе аз «16» июни соли 2022, №295 қарор “дар бораи тадбирҳои иловагии ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавии корҳои сохтмонӣ” қабул намуд.
Дар асоси талаботи қарори мазкур, аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавии корҳои сохтмонӣ вобаста ба гирифтани иҷозат барои лоиҳакашӣ ва сохтмони бино ва иншоот қабул гардида, минбаъд ба таври зайл сурат хоҳад гирифт:
- мавҷудияти маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани қарз аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти маълумотномаи асоснокии лоиҳаи ангоравӣ бо нишондодҳои техникӣ иқтисодӣ (ҳисоби пешакӣ);
- доштани ҳадди ақал дар суратҳисоби бонки дар ҳаҷми 20% аз арзиши умумии лоиҳаи корҳои сохтмонии бинои бунёдшаванда;
- мактуби кафолатии бонкӣ ба андозаи на камтар аз 5% арзиши объекти сохтмонӣ;
- дар бораи гардиши молӣ, аз натиҷаи фаъолияти иқтисодии ширкати сохтмонӣ дар як сол, на кам аз 10 000 000 сомонӣ барои як блоки бино, минбаъд барои ҳар як блоки иловагии дархостшуда 5 000 000 сомонӣ;
- кушодани суратҳисоби ҷории алоҳида дар бонкҳои муваффақ барои ҷамъоварии маблағҳои ҳиссагузорон.
Маълумотҳои дарҷгардида аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дархост карда шуда, мавриди омода намудани лоиҳаи қарори дахлдор ба инобат гирифта мешавад.
Бо мақсади муайян кардани сатҳи масъулиятнокӣ ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои вазифавӣ ба ширкати сохтмонӣ, ки бори аввал ба корҳои сохтмонӣ машғул мегардад, сохтмони танҳо 1 бино (як блок) иҷозат дода мешавад.
Сохтмони маҷмааи биноҳо танҳо ба ширкатҳои сохтмонии таҷрибадор ва дорои заминаи моддию техникии замонавӣ (бо гардиши солонаи на кам аз 50 000 000 сомонӣ) иҷозат дода мешавад.
Дар ҳолатҳои зерин ширкати сохтмонӣ ҳамчун “ширкати сохтмонии дорои мушкилот” шинохта шуда, таҳияи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳо дар асоси пешниҳоди Раёсати назорати давлатии меъморӣ – сохтмонии шаҳри Душанбе рад карда мешавад:
- бе иҷрои пардохти ҳатмӣ оғоз кардани корҳои сохтмонӣ;
- дағалона вайрон кардани меъёру қоидаҳои сохтмонӣ;
- худсарона сохтани объектҳои иловагӣ ва ошёнаи зиёдатии ғайрилоиҳавӣ;
- беасос ба муҳлати зиёда аз шаш моҳ кашол додани муҳлати ба истифода додани объектҳои сохтмонӣ.
Муқаррароти Тартиби мазкур барои омода намудани лоиҳаи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи додани иҷозат барои сохтмони иншоотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохташаванда ва хонаҳои истиқоматии шахсӣ татбиқ намегардад.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ САРРАЁСАТИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ
Ф А Р М О И Ш
Дар бораи Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавии корҳои сохтмонӣ
Мутобиқи талаботи банди 2 қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 июни соли 2022, №295 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ зимни таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавии корҳои сохтмонӣ” ва сархати 12 банди 14 Низомномаи Сарраёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбе, ки бо қарори Раиси шањри Душанбе аз 11 апрели соли 2019, №212/1 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавии корҳои сохтмонӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).Шуъбаҳои меъморони ноҳияҳои маъмурӣ ва ҳуқуқ, кадр ва коргузории Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри
2. Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи Тартиби мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3.Назорати иҷроиши фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.