ш.Душанбе. 28.06.2022. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе доир ба баргузор намудани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи гӯштингирӣ оғоз гардид.
Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарони кишвар, ба ҳам омада, сабқат намуданд. Тазаккур бояд дод, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Дар оғози мусобиқа муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед суханронӣ намуда, ба тамоми меҳмонону иштирокдорони мусобиқаи мазкур барои сабқат барору пирӯзӣ орзу намуданд.
Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда хоҳанд шуд. Бояд қайд кард, ки ғолибони ҷойи аввалро шоҳҷоизаҳои мусобиқа 4 автомобилҳои сабукрав интизоранд.
Мусобиқаи гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ, фароҳам овардани имкониятҳои фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар кишвар, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарони кишвар, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонони ҷумҳурӣ миёни варзишгарони ҷаҳон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузаронида мешавад.