ш.Душанбе. 02.05.2023 Имрӯз Раиси маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантиноро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф авард, ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар оғози мулоқот Ҷанни Инфантиноро ба муносибати дубора ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шуданаш табрик гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди футболи ҷаҳон ёдовар шуд.
Дар мулоқоти гарму дӯстона раисони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.
Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдомҳое, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно намуд.