МУЛОҚОТ БО РАИСИ ШАҲРИ ПЕКИН

 

21 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби чинӣ барои истиқболу меҳмоннавозии анъанавӣ миннатдорӣ карданд.
Таъкид карда шуд, ки муколамаи доимии дӯстона ва боэътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омили муҳимми таъмиқи шарикии стратегии ду кишвар маҳсуб ёфта, маҷмӯи санадҳои зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзошуда ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин равона гардидааст.
Қайд карда шуд, ки ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, ки ҷавобгӯи ҳадаф ва принсипҳои шарикии стратегӣ мебошад, таваҷҷуҳи доимӣ дода мешавад.
Ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳо дар сатҳи пойтахтҳо аз рӯи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр карданд, ки Пекин имрӯзҳо бо шоҳкориҳои меъморӣ, асарҳои санъат ва ёдгориҳои таърихии худ шумораи зиёди сайёҳонро аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ҷалб кардааст. Пекини муосир бо инфрасохтори рушдкарда ҳамчун маркази сиёсӣ, таълимӣ ва фарҳангии Чин ба меҳвари баргузории чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ ва фарҳангиву оммавӣ табдил ёфтааст.
Иқтисодиёти Пекин бо суръати баланд рушд ва симои он мунтазам дигаргун мешавад, ки муаррифгари меҳнати созанда ва дастовардҳои мардуми чинӣ мебошад.
Ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба бахшҳои истеҳсолӣ ва рушди сайёҳӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника ва тандурустӣ табодули назар карданд.
Душанбе ба ҳайси бародаршаҳри шаҳрҳои Урумчи, Сямен, Чиндао, Хайнан ва шарики шаҳри Чэнду ҷиҳати таҳкими муносибатҳои бародаршаҳрӣ, робитаҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Чин корҳои назаррас анҷом медиҳад.
Ҳамчунин, изҳори боварӣ карда шуд, ки тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо шаҳри Пекин барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои мутақобилаи байни пойтахтҳо, тавсеа ва таҳкими робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ такони тоза мебахшад.
Дар ҳошияи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурияти шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расид.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»