ш.Душанбе. 24.01.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо мақсади иҷрои банди 19 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, озмуни шаҳрии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» баргузор гардид, ки дар он ҳунармандони чирадаст аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузоштанд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории озмун эҳёю рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сохтани маснуот ва коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишии миллӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги ин ҳунари қадимӣ, ба он ворид намудани шаклу усулҳои муосир ва тарбияи насли нави ҳунармандони соҳа мебошад.
Ҳамзамон ин озмун барои ҳавасмандгардонӣ, ихтироъкорӣ, тақвияти фаъолияти пешбурди навоварӣ дар соҳа ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии маснуоти аз сангҳои қиматбаҳою ороишии истеҳсолгардида равона гардидааст.
Кумитаи тадорукот аз намоиши омодакардашудаи ҳунармандони пойтахт дидан намуда, ба ҳар кадоми онҳо баҳои арзанда доданд.
Дар маросими ҷамъбасти Озмуни шаҳрии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҶДММ «Рухом» Эраҷ Мунавваров бо гирифтани 276 хол ба ҷойи якум мушарраф гардид. Намояндаи ноҳияи Фирдавсӣ аз ҶДММ «Асрори санг» Шарифи Далер бо гирифтани 269 хол ҷойи дуюм ва ҳунарманд аз ноҳияи Фирдавсӣ Покизамоҳ Руҳуллоева бо 253 хол мақоми сеюмро ноил гардиданд.