ш.Душанбе. 29.01.2020. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ инчунин аз ҷараёни корҳои анҷомёфтаи муҷтамеи муҳташами варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамови ноҳияи Синои пойтахт боздид ба амал оварданд.
Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи варзишӣ ҳанӯз соли 2012 оғоз гардида, рафти он таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои 3000 ҷойи нишаст ва қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ иборат буда, ҳамчунин дар шафати он 8 майдончаи тенниси кушод, ки ҳар кадом дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.
Қасри намудҳои варзиши обӣ, дар масоҳати 21 ҳазору 526 мерти мураббаъ бунёд гардида, он аз 3 ошёна иборат аст.
Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳои бо платформаи ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, барои машқҳои аква-аэробика ва кӯдакона иборат буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.
Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот, қаҳвахона, толори машқӣ, утоқ барои истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, ҷой барои меҳмонҳои расмӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Аснои шиносоӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба корҳои то имрӯз сомонёфта дар маҷмааи варзишӣ баҳои баланд дода, ба сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба итмом расонидани корҳои боқимонда дастур доданд.
Дар шафати Қасри намудҳои варзишӣ обӣ, ҳамчунин ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон қулай аст.
Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 7 ҳазору 737 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои 288 ҷойи нишаст мебошад ва барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ пешбинӣ гардидааст.