ш.Душанбе. 07.02.2020. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии як қатор корхонаҳои истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе дар масоҳати қариб 9 гектар, дар бурриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир мебошад.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар инҷо 20-уми сентябри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.
Корхонаҳои нави саноатӣ ба истиқболи шоистаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми ширкатҳои тавлидотӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохта шуда истодаанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст аз ҶДММ "Ҳурия", ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос пешбинӣ гардидааст, дидан карданд.
Корхонаи мазкур дар доираи дастгириҳои давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров бо харҷи 10 миллион сомонӣ ва дар масоҳати 0,34 гектар бунёд мегардад.
Тавре ба Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар корхонаи саноатӣ корҳои асосӣ, аз қабили бунёди бинои истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизот пурра ба итмом расида, феълан насби он бо ҷалби мутахассисон идома дорад.
Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидааст.
Дар ҶДММ "Ҳурия" бино ба иттилои масъулин, ду хатти истеҳсолӣ мавҷуд буда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ аз 5 то 10 тонна маҳсулоти нимтайёр ва яхмос аз мевагиҳо ва қаймоқ пешбинӣ шудааст.