СУХАНРОНИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Модарону хоҳарони азиз!
Бонувони гиромӣ!
Ҳамаи шумо ва кулли модарону хоҳарон ва бонувони пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар, ки ба оғози фасли зебои баҳор ва фарорасии ҷашни бостонии миллиамон-Наврӯз рост меояд, самимона табрик мегӯям.
Орзумандам, ки ҳар яки шумо ҳамеша саломату хушбахт ва хонаободу сарбаланд бошед.
Мо ифтихор мекунем, ки модари тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи халқамон ҳазорон нафар шахсиятҳои оламшумулу тамаддунсозро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ – башардӯстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.
Имрӯз модари тоҷик роҳбари кордон, олиму донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва нуру гармии ҳар як хонадон мебошад.
Агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати зан – модар сарчашмаи зиндагӣ ва осоиши ҳар як хонавода аст.
Модар - такягоҳи боэътимоди хонадон, тарбияткунанда ва маслиҳатгари фарзандон, идоракунандаи рӯзгори оила ва сарфаю сариштакори хонавода мебошад.
Модарону бонувони гиромӣ!
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар худ гувоҳи равшани мақому манзалати баланди модарону бонувони азизи мо дар ҷомеа ва нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба онҳо мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор медиҳад.
Дар ин раванд, роҳбарияти шаҳр ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии занону модарон, ҳифзи ҳуқуқи оила ва модару кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагиву кор барои бонувону модарон ва муҳимтар аз ҳама, ҳарчи бештар ба раванди идораи давлат ҷалб намудани онҳо ва баланд бардоштани нақши иҷтимоии занону бонувон ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе қариб 70 ҳазор нафар бонувон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла 30 ҳазор нафар дар соҳаи маорифу тандурустӣ кору фаъолият доранд ва беш аз 30 фоизи онҳо мансабҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.
Бонувону хоҳарони азизи мо ҳамчун сокинони пойтахт иқдомҳои созандаи шаҳрдориро ҳамеша дастгириву ҷонибдорӣ мекунанд ва дар амалӣ сохтани корҳои ободиву созандагӣ дар шаҳр, махсусан тозаву озода нигоҳ доштани муҳити шаҳр нақши беандоза доранд.
Имрӯз саҳми бонувону занон дар ҳамаи соҳаҳои пойтахт ва дар ҳар гӯшаву канори шаҳр мушоҳида ва эҳсос мегардад.
Мехоҳам бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои ин саҳми бузургашон сипосу миннатдорӣ баён намоям.
Бонувони азиз!
Модар нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад.
Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониши замонавӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва ҷаҳонбинии муосир мебошад, фарзанди ӯ низ ҳамчун шахси босаводу хушахлоқ ба камол мерасад.
Модарону бонувони арҷманди мо бо қалби ҳассоси худ набзи ҷомеаи имрӯзаро хуб дарк менамоянд ва бовар дорам, ки ба хотири иҷрои рисолати пурмасъулияти хеш минбаъд низ барои тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Мардуми соҳибфарҳанги мо аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯро яке аз беҳтарин суннатҳои миллии худ мешуморанд.
Умедворам, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони арҷманди мо ҳамеша равшанибахши хонадон, сафои зиндагӣ ва азизи наздикону фарзандони худ бошанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарам ва тамоми модарону бонувони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломативу умри дароз, иқболи нек, хонаи ободу, рӯзгори осуда ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак, модарону бонувони азиз!

20.03.2020 06:42
316
Ахборот