ш.Душанбе. 21.03.2020. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардид.
Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2020» ба таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар як хонадони Душанбешаҳр ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд.
Шиору овезаҳои наврӯзӣ аз фармудаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо байту гуфтаҳои шоирону мутафаккирон ба ҳусни шаҳр намои тоза зам намудаанд.
Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз таҷассуми гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.
Шоми 20 март намояндагони чор ноҳияи шаҳр дар Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигаҳдории ҷангал" ҷамъ омада, бо пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли навро пешвоз гирифтанд.
Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи 21 март масъулин ва сокинони чаҳор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти расму русуми мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карданд.
Корвони наврӯзии чаҳор ноҳияи шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршори шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.
Сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Майдони 800 солагии Москва (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) оғози Соли нав - Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил намуданд.
Дар ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба мардуми шарифи кишвар расонданд.
Дар ин рӯз дар ҳамаи базмгоҳҳои наврӯзӣ ва Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор шуд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷҷасум ёфтанд. Шукургузорӣ аз истиқлолият, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил карданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ баргузории намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор шуданд.
Яке аз рамзҳои Наврӯз баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзиши миллӣ ба шумор меравад.
Дар ин робита бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ рӯзи 21-уми март дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" мусобиқаи гӯштингирон бо иштироки паҳлавонони номӣ ва варзишгарони ҷавон баргузор гардид.
Ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадурукоти ҷашн қадрдонӣ шуданд.
Ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз рӯзи 22 март дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе мусобиқаи варзиши пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт - 2020» бо ҷалби беҳтарин варзишгарон, аспсаворон аз корхонаҳои асппарварии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир мегардад.
Таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия,маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукургузории сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат сурат гирифт.