ИНТИХОБИ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

ш.Душанбе. 27.03.2020. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе №4 баргузор шуд.

Он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" аз 4 декабри соли 2019 оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар интихобот аз 219 вакилони интихобкунандаи Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 217 нафар ширкат варзиданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино панҷ нафар номзадро ба аъзогии Маҷлиси миллӣ пешбарӣ намуданд.

Аз ҷумла, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон номзадии Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ - ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Одилбекова Лола Қиёмбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ноҳияи Сино ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд.

Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард. Дар натиҷа ба тарафдории номзад Рустами Эмомалӣ – Раиси шаҳри Душанбе 217 шумораи овозҳои вакилони интихобкунанда, ба тарафдории Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 214 шумораи овозҳо, ба тарафдоии Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ - ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 216 шумораи овозҳо, ба тарафдории Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 215 шумораи овозҳо ва ба тарафдории Одилбекова Лола Қиёмбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 213 шумораи овозҳои вакилони интихобкунанда дода шуданд.

Ҳамин тавр, ҳамаи номзадҳо шумораи овозҳои лозимиро гирифта, аъзои Маҷлиси миллӣ интихобшуда эътироф гардиданд.

Аъзоёни тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе барои боварӣ ва изҳори иродаашон дар интихоби онҳо ба ҳайси аъзо ба ин мақоми олии қонунгузорӣ ба кулли сокинони шаҳр ва вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он изҳори сипосгузорӣ намуданд.

Бо ҳамин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе №4 кори худро анҷом дод.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»