Бо назардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидани Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Хуршедзода Рустам ба мансаби директори Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии Истиқлол" таъйин гардида, аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим " озод карда шуд.
Ҳамчунин, Маҳмадзода Фаррух Исроил аз вазифаи муовини директори Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии Истиқлол" озод ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим " таъйин гардид.