ИҚДОМИ НАВИ БАШАРДӮСТОНАИ ҶСК «ТОҶИКГИДРОЭЛЕКТРОМОНТАЖ»

 

ш.Душанбе. 13.05.2020. Бо пайравӣ аз ташаббусҳои хайру эҳсонкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ ширкати ватании “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ташаббусҳои башардӯстонаи худро идома медиҳад.

Бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони кишвар аз пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва муолиҷаи гирифторони он аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар ба таври доимӣ тадбирҳои заруриву фаврӣ амалӣ шуда истодааст.

Бахусус, дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе бо иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди пандемияи бемории сироятии COVID-19 бо роҳи бунёди беморхонаҳои нав барои қабули эҳтиёҷмандон, фаъолияти шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои давлатӣ, инчунин ба таври доимӣ гузаронидани безараргардонии иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ корҳои назаррас анҷом дода мешавад.

Бо дарки баланди масъулият ва ҳисси меҳанпарастӣ ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар як муддати кӯтоҳ дафъаи дуюм аст, ки иқдомҳои эҳсонкории худро рӯи кор оварда, шумораи муайяни таҷҳизотҳоро барои эҳтиёҷоти имрӯзаи соҳаи тиб ба Тоҷикистон таҳвил дода, ба воситаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои тиббии пойтахт ба таври ройгон супорид.

Ҳаҷми кумаки имрӯзаи расонидаи ширкат 1,5 миллион (як миллиону 500 ҳазор) сомониро дарбар гирифтааст.

Шумораи умумии таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) бошад, 10 (даҳ) ададро ташкил медиҳад.

Боиси зикр аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати мазкур аввалин шуда 20 000 (бист ҳазор) адад тестҳои санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 (даҳ) адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 (панҷ сад) маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибонро ба маблағи зиёда аз 5,0 (панҷ) миллион сомонӣ ҳамчун кумаки башардӯстона ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим намуд.

Дар ҷараёни тақдими таҷҳизоти тиббӣ намояндаи ширкат иттилоъ дод, ки маводи мазкур тавассути беморхонаҳои шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад.

Таҷҳизоти дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб ниҳоят муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати анҷом додани фаъолияти пурмасъули табибон мусоидат мекунад.

Намояндаи ширкат зикр намуд, ки иқдоми анҷомдодашуда ҷавоб ба дастгириҳои пайваста ва ғамхориҳои доимии роҳбарияти олии кишвар ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз фаъолияти бахши хусусӣ ба шумор меравад.

Маврид ба зикр аст, ки ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” миёни дигар ширкатҳои ватанӣ аввалин шуда, ба чунин иқдоми башардӯстона дар дастрас намудани кумак ба сокинони кишвар даст задааст ва итминони комил дорем, ки дигар соҳибкорони кишвар ин ташаббуси ватандӯстонаро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд кард.

Имрӯз, ки соҳаи тиб ба пандемияи коронавируси COVID-19 рӯ ба рӯ гардидааст, ҳамаи моро зарур аст, ки сарҷамъона барои ҳифзи тандурустии мардуми Тоҷикистон мубориза бурда, қоидаҳои солим нигоҳ доштани онро риоя намоем.

Ширкати ватании “Тоҷикгидроэлектромонтаж” тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ иқдомҳои эҳсонкориро идома дода, бо пайравӣ аз ибтикороти хайру эҳсонкории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ташаббусҳои башардӯстонаро идома диҳад.


© 2021 Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе»