ш.Душанбе. 16.06.2020. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таъсис додани комиссияи дахлдор аз ҳисоби муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони сохтору ниҳодҳои марбута муроҷиатномаи саҳмдорони бинои сохтмонаш нотамоми нӯҳошёнаи истиқоматии 54 квартирадор, воқеъ дар кӯчаи Асадулло Ғуломов, маҳаллаи 83-и пойтахтро, ки тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тавре муайян гардид, сохтмони бинои нотамом ҳанӯз аз соли 2012 оғоз гардида, сохтмончии асосии он - ҶДММ "Союз-сохтмон" бо роҳи қаллобӣ маблағҳои сокинони саҳмгузорро азхуд карда, бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум гардида ва ҳоло дар маҳбас қарор дорад.
Масъалаи ҷуброни зарари 67 нафар саҳмгузорон, ки маблағи наздик ба 500 000 (панҷсад ҳазор) доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, тӯли солҳо дар зинаҳои гуногуни судию иҷроиявӣ мавриди баррасӣ қарор дошта бошад, ҳам то ҳол ҳалли пурраи худро наёфтааст ва сокинони мазкур бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин нагардидаанд.
Раиси шаҳр сохторҳои марбутаи шаҳрдориро муваззаф намуданд, ки бо саҳмгузорон вохӯриву суҳбат анҷом дода, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хонасозии ватанӣ сохтмони бинои мазкурро дар муҳлати 1(як) сол ба итмом расонанд, то ки саҳмдорон бо манзилҳои ободи дорои шароити лозимаи ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои замонавӣ таъмин карда шаванд.