ш.Душанбе. 15.06.2020. Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ 15-уми июни соли 2020 бо инобати тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва дигар ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Бо назардошти қарори мазкур ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар пойтахт тадбирҳои пешгирикунандаи сирояти бемории КОВИД-19 миёни аҳолӣ, аз ҷумла ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинон бо мақсади баланд бардоштани маълумотнокии онҳо ва риояи қоидаҳои беҳдоштию муҳофизатӣ тақвият дода шудаанд.
ҶДММ "Бозори Корвон" дар баробари даҳҳо бозору марказҳои тиҷоратии пойтахт, пас аз таътили якуниммоҳа бо инобати хуруҷи бемории КОВИД-19, ба фаъолият шурӯъ намуд.
Фаъолияти ин бозор, ки аз калонтарин марказҳои тиҷоратӣ дар пойтахт маҳсуб мешавад, акнун бо риояи қоидаҳои муайяни беҳдоштию санитарӣ сурат мегирад.
Санҷиши ҳарорати бадан қабл аз воридшавӣ ба бозор, истифодаи ҳатмии ниқоб ва маҳлулҳои безараркунанда аз ҷумлаи тадбирҳо мебошанд, ки иҷрои онҳо дар тамоми даромадгоҳҳои бозор аз ҷониби кормандони масъули он мунтазам назорат мегардад.
Бо мақсади ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирӣ аз хуруҷи эҳтимолии мавҷи дуюми бемории сироятии КОВИД-19, дар ҶДММ "Бозори Корвон", ҳамзамон ба риояи фосилаи иҷтимоӣ аз ҷониби муштариён ҷиддӣ таваҷҷуҳ мегардад.
Бо ин мақсад хатҳои ишоратӣ гузошта шуда, шаҳрвандонро зарур аст, ҳангоми муомила бо фурӯшанда тартибу қоидаҳои муқарраргардидаро риоя кунанд.
Риояи қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ бо мақсади пешгирӣ аз сирояти бемории КОВИД-19 ҳамзамон тавассути дастгоҳҳои садоӣ -балангӯякҳо мунтазам эълон карда мешавад.
Ҳамчунин дар даромадгоҳҳо ва ҷойҳои намоён буклету овезаҳои қоидаҳои риояи беҳдоштӣ, дар растаҳо хат ва ресмонҳои рангаи масофаи иҷтимоӣ насб гардидаанд.
Аз ҷониби масъулини бозор ба миқдори зарурӣ маводи антисептикӣ, ниқоб ва дигар маҳлулҳои безараркунанда захира карда шуда, ба ин самт мутахассисони соҳа сафарбар гардидаанд.
Дар маҷмуъ тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз 15-уми июни соли 2020 дар шахри Душанбе беш аз 10 бозору нуқтаҳои фурўши либос, аз ҷумла бозорҳои фурӯши либосаи "Корвон", "Корвон-Плюс", Марказҳои савдо ва нуқтаҳои фурӯши атрофи бозори "Корвон", ҶДДМ "Ганҷина", ҶДДМ "Панҷешр", Маркази савдои "Садбарг" (қисман), бозорҳои "Меҳргон"(қисман), "Варзоб ТҶ"(қисман), "Сафариён" (қисман), "Зарафшон"(қисман) ва ғайра ба фаъолият оғоз намуда, дар ин замина наздики 11 ҳазор нафар аз шаҳрвандон, хоса соҳибкорон ба кор баргаштанд.
Имрӯз, ҳамчунин беш аз 316 адад сартарошхона ва кошонаҳои ҳусни дар пойтахт фаъолияткунанда, аз ҷумла 143 сартарошхона ва 173 кошонаи ҳусн, ки шумораи умумии кормандони онҳо ба 1200 нафар мерасанд, бо риояи ҷиддии талаботи санитарию беҳдоштӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Бояд махсус ёдовар шуд, ки дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд аз 1 май то 1 август аз супоридани андоз озод карда шудаанд.
Муассисаи давлатии "Маркази хизматрасонии «Обшорон" ҳам дар қатори даҳҳо марказҳои дигари хизматарсонӣ, шурӯъ аз имрӯз қабули муштариёнро бо рияои қоидаҳои ҳатмии санитарӣ оғоз намуд.
Масъулини ин маркази хизматрасонӣ иброз медоранд, ки агарчи солҳои қабл ҳамарӯза то 400 нафарро қабул мекарданд, вале ин мавсим бо назардошти хуруҷи бемории сироятии КОВИД-19 ва тибқи тавсияҳои мутахассисон қабули муштариёнро то 200 нафар пойин овардаанд. То ин ки аз сирояти эҳтимолии ин беморӣ ба муштариён пешгирӣ карда шавад.
Санҷиши ҳарорати бадан қабл аз воридшавӣ ба маркази хизматарсонӣ, дар ду марҳила сурат мегирад.
Дар сурати мушоҳидаи табъи баланди шаҳрванд, вуруди ӯ ба маркази хизматарсонӣ иҷозат дода намешавад ва табибони маркази хизматрасонӣ ӯро аз ташхиси аввалия гузаронида, муассисаи тиббии маҳалли истиқоматиашро ҳам хабардор мекунанд.
Шурӯъ аз даромадгоҳи маркази хизматарсонӣ то ба ҷойи оббозию дилхӯшӣ варақаҳои иттилотӣ ва хатҳои огоҳкунандаи фосилаи иҷтимоӣ ҳам кашида шудаанд, ки риояи он аз ҷониби истироҳаткунандагон ҷиддӣ тақозо мегардад.
Илова бар ин, ба гуфтаи масъулини МД "Маркази хизматрасонии Обшорон" ҳудуди муассиса, тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе мунтазам бо маводи кимиёвии маҳвкунандаи вирусу микробҳои барангезандаи бемориҳои сироятӣ, коркарду безарар карда мешавад.
Инчунин дастгоҳҳои тозакунандаи об, ки сохти кишвари Италия мебошад, оби дохили ҳавзро ба таври худкор тоза мекунад.
Дар ин баробар бо мақсади анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати фаъолияти коргоҳу марказҳои хизматарсонӣ ба аҳолӣ, бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он сафарбар гардидаанд.