Оинномаи Муассиса
Оинномаи
Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї
ва ороиши шањри Душанбе»
I. МУЌАРРАРОТИ УМУМЇ
1.1. Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе» (минбаъд - Муассиса) бо ќарори Раиси шањри Душанбе тањти № 549/в аз 26-уми октябри соли 2006 «Дар бораи барњам додани Дафтари мустаќили њисоби хољагї оид ба мутобиќгардонии фаъолияти ахборотии назди маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе» бо маќсади ташкили системаи ягонаи умумишањрии идоракунї дар соњаи рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиш, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти рекламаи берунї, таъмини устувори буљаи шањр аз њисоби рушди оянда ва такмили бозори рекламаи берунии шањри Душанбе таъсис дода шудааст.
1.2. Муассиса дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон аз санаи 26-уми январи соли 2007 (Шањодатномаи № 001-3545) ба ќайди давлатї гирифта шудааст.
1.3. Муассиси Муассиса маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе мебошад.
1.4. Муассиса сохтори соњавии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе буда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, ќонунњои Љумњурии Тољикистон, аз љумла Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Маљлиси вакилони халќи шањри Душанбе, ќарорњо ва амрњои Раиси шањри Душанбе, дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, Ќоидањои љойгиркунии воситањои рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиши шањри Душанбе, инчунин Оинномаи мазкур амалї менамояд.
1.5. Муассиса шахси њуќуќї буда, шакли ташкилї-њуќуќии Муассиса тибќи муќаррароти моддањои 50 ва 132-и Кодекси граждании Љумњурии Тољикистон муайян карда шуда, ба сифати ташкилоти ѓайритиљоратї баромад менамояд.
1.6. Муассиса дорои муњри доирашакл бо нишони Љумњурии Тољикистон бо ифодаи номи пурраи он буда, ќолаб ва бланкаи худро дорад.
1.7. Номи пурраи Муассиса:
- бо забони тољикї – Муассисаи давлатии «Рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе»;
- бо забон русї – Государственное учреждение «Наружная реклама и оформление города Душанбе».
1.7. Суроѓаи њуќуќии Муассиса: Љумњурии Тољикистон, ш.Душанбе, 734025, хиёбони Рудакї, 18.
II. МАЌСАДЊОИ АСОСИИ МУАССИСА
2.1. Маќсади асосии Муассиса амалї намудани самтњои асосии фаъолияти Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе дар чањорчўбаи муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва Оинномаи мазкур дар соњаи фаъолияти худ мебошад.
2.2. Маќсадњои асосии Муассиса инњо мебошанд:
- таблиѓи фаъолияти амалии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе оид ба рушди иќтисодиву иљтимої ва муаррифии симои шањри Душанбечун пойтахти Љумњурии Тољикистон тавассути воситањои рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиши бадеї;
- амалигардонии санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, амру ќарорњои Раиси шањри Душанбе оид ба масъалањои рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе;
- ташкил ва рушди принсипњои соњавии идоракунї дар соњаи рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанбе;
- ташкил ва амалигардонии сиёсати ягонаи шањрї дар соњаи рекламаи берунї ва ороишї, муайян намудани маќсадњои аввалиндараљаи фаъолият дар соњаи мазкур;
- тањияи чорабинињо оид ба љалби рекламадињандагон љињати афзоиши даромади буљети шањр аз њисоби пањн ва љойгиркунии рекламаи берунї;
- амалї намудани роњбарї дар самти татбиќи барномањои шањрї ва карорњои ба бењбудбахшии намуди зоњирии шањр нигаронидашуда, ташкили њамкорї ва танзими фаъолияти сохторњои шањрї ва ноњиявї оид ба тањия ва амалї сохтани барномањои комплексии рекламаи берунї ва ороиши шањр.
III. ВАЗИФАЊОИ МУАССИСА
3.1. Вазифањои асосии Муассиса инњо мебошанд:
- лоињаи санадњои меъёрии њуќуќии дахлдор љињати танзими фаъолият дар соњаи рекламаи берунї ва ороиши шањри Душанберо омода намуда, барои тасдиќ ба Раиси шањри Душанбе пешнињод намояд;
- фазои ягонаи рекламавї-ахборотии шањриро муњайё намуда, тањия ва бурдани фењристи умумишањрии рекламаи беруниро таъмин намояд;
- љамъоварии пурраи маблаѓњои аз њисоби пањни рекламаи берунї ва маълумоти визуалиро таъмин намуда, аз натиљаи ворид намудани ин маблаѓњо ба буљети шањри Душанбе ба Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе маълумот пешнињод намояд;
- њолат ва талаботи бозори рекламаи беруниро тањлил намуда, оид ба самтњои бењдошти соњаи мазкур ба Раиси шањри Душанбе пешнињодот намояд;
- меъёрњои пардохт барои љойгир ва пањн намудани рекламаи берунї дар шањрро тањия сохта, бо мувофиќа бо маќомоти ваколатдор барои тасдиќ ба Раиси шањри Душанбе пешнињод намояд;
- Ќоидањои љойгиркунии воситањои рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиши шањри Душанберо тањия намуда, барои тасдиќ ба Раиси шањри Душанбе пешнињод намояд ва минбаъд иљроиши онро аз тарафи тамоми субъектон назорат намояд;
- бо маќомоти давлатї ва дигар субъектон, аз љумла субъектони фаъолияти хољагидорї љињати амалї намудани маќсадњо ва вазифањои худ њамкорї намояд;
- назорати љойгиркунї ва њолати воситањои рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиширо тибќи Ќоидањои љойгиркунии воситањои рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиши шањри Душанбе, ки аз љониби Раиси шањри Душанбе тасдиќ мегардад, таъмин намуда, фактњои ѓайриќонунии љойгиркунии воситањои рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиширо муќаррар намуда, барои пешгирї, ќатъ намудан ва баркандани воситањои рекламавии худсарона ва бар хилофи муќаррароти мављуда љойгиркардашуда ва ороиши номукаммал ва ба љавобгарї љалб намудани шахсони дахлдор тибќи муќаррароти ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон чорањо андешад;
- дар якљоягї бо Сарраёсати меъморї ва шањрсозии шањри Душанбе ва дар њамкорї бо раисони ноњияњои шањри Душанбе бо љалби мутахассисон Тарњи генералии љойгиркунии воситањои рекламаи берунї ва маълумоти визуалї дар шањри Душанбе, барномаи дурнамои рушди ороиши бадеии шањрро дар асоси дастовардњои технологияи муосиртањия намуда, барои тасдиќ ба Раиси шањри Душанбе пешниход намояд;
- љињати ороиши мавзўї ва идонаи шањри Душанбе тибќи тартиби муќарраргардида оид ба гузаронидани озмунњо байни рассомон, ороишдињандагон, дизайнерњо ва сохторњои соњаи реклама дар шањри Душанбе пешнињодот омода намояд;
- назорати иљроиши сарваќтии наќшаи чорабинињои шањри Дашанбе, ќарорњо ва амарњои Раиси шањри Душанбе оид ба масъалањои рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиши шањрро таъмин намояд.
IV. ЊУЌУЌЊОИ МУАССИСА
4.1. Муассиса љихати амалї намудани маќсадњои ва вазифањои оинномавии худ дорои чунин њуќуќњо мебошад:
- дар тањия ва татбиќи ќарорњо ва амрњои Раиси шањри Душанбе оид ба масъалањои ба салоњияти Муассиса тааллуќдошта иштирок намояд ва пешнињодњои худро дарљ намояд;
- тамоми маълумоти дахлдорро, аз љумла санадњои меъёрии њуќуќии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе, дигар маќомоти њокимияти давлатиро тибќи тартиби муќарраргардида дастрас намояд;
- бо тамоми маќомоти њокимияти давлатї, шахсони мансабдор, субъектони фаъолияти хољагидорї дар амалї намудани вазифа ва маќсадњои оинномавии худ њамкорї намояд, барои андешидани чорањо ва амалисозии сиёсати Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе дар соњаи рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиши шањри Душанбе мурољиат намояд;
- аз маќомоти њокимияти давлатї ва шахсони мансабдор тибќи муќаррароти санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон вобаста ба андешидани чорањои дахлдор нисбати шахсони алоњида ва субъектони хољагидор, инчунин, тамоми шахсоне, ки дар фаъолияти онњо вайрон шудани тартиби љойгир ва пањнкунии рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиши шањри Душанбе ошкор гардидааст, талаб намояд;
- намояндагии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанберо тибќи муќаррароти санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва розигии он дар дохил ва беруни љумњурї амалї намояд;
- оид ба бењдошти фаъолияти Муассиса ба Раиси шањри Душанбе пешнињодњо намояд;
- бо рекламапањнкунандагон ва дигар субъектони манфиатдор, аз љумла субъектони хориљї, љињати амалї намудани фаъолияти худ шартномањои гуногунро тибќи муќаррароти ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон ба расмият дарорад;
- моликияти ба Муассиса људокардашударо дар чањорчўбаи муќаррароти ќонунгузорї соњибї, истифодбарї ва ихтиёрдорї намояд;
- барои амалї намудани вазифа ва маќсадњои оинномавии худ мутахассисони гуногунро мустаќилона љалб намояд, ба маќомоти давлатї барои људо намудани мутахассисон мурољиат намояд;
- бањри ба таври зарурї иљро намудани вазифањо ва маќсадњои оинномавї ва бењдошти фаъолияти иќтисодї ва молиявии худ фаъолияти даромаднокро амалї намояд;
- директори Муассиса, муовини он ва дар њолатњои зарурї дигар шахсони мансабдорро бо воситањои оддию махсуси алоќа ва наќлиёт, тибќи тартиби муќарраргардида таъмин намояд;
- дигар њуќуќњое, ки дар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва Оинномаи мазкур пешбинї карда шудаанд, доро мебошад.
V. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ИДОРАКУНИИ МУАССИСА
5.1. Муассисаро Директор, ки бо ќарори Раиси шањри Душанбе ба вазифа тайин ва аз вазифа озод мешавад, роњбарї менамояд.
5.2. Директори Муассиса дорои чунин салоњиятњо мебошад:
- роњбарии Муассисаро дар њама самт амалї менамояд;
- иљрои муќаррароти санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ќарорњои Раиси шањри Душанберо оид ба рекламаи берунї, маълумоти визуалї ва ороиши шањри Душанберо таъмин менамояд;
- кормандонро мустаќилона тибќи муќаррароти ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон ба кор ќабул менамояд ва аз кор озод менамояд ва тамоми њуќуќ ва уњдадорињои корфарморо тибќи ќонунгузории мењнати Љумњурии Тољикистон амалї менамояд;
- љадвали штатии Муассиса ва њаљми музди мењнати кормандонро дар мувофиќа бо Раиси шањри Душанбе мустаќилона муќаррар менамояд;
- барои ба таври дахлдор соњибї, истифода ва ихтиёрдории амволи Муассиса тибќи муќаррароти ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон чорањо меандешад;
- маблаѓњои Муассисаро, ки дар њисоби махсуси он ќарор доранд, барои амалї намудани маќсад ва вазифањои оинномавии Муассиса мустаќилона ихтиёрдорї менамояд;
- Муассисаро дар муносибат бо маќомоти давлатї ва дигар субъектон, дар дохил ва хориљи кишвар бе ваколатнома муаррифї менамояд;
- санадњои дохилии Муассиса, аз љумла дар соњаи муносибатњои мењнатиро тасдиќ менамояд;
- ба шартномањои гуногун, ки бо Муассиса ба расмият дароварда мешавад, имзо мегузорад;
- дигар ваколатњое, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ва Оинномаи мазкур пешбинї намудаанд.
VI. АМВОЛИ МУАССИСА
6.1. Барои амалї намудани вазифа ва маќсадњои оинномавии худ аз љониби Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Душанбе ба Муассиса амвол људо карда мешавад, ки онро Муассиса тибќи муќаррароти ќонунгузории љории Љумњурии Тољикистон соњибї, истифодабарї ва ихтиёрдорї менамояд.
6.2. Муассиса њуќук надорад, ки амволи ба ихтиёраш гузошташуда ё аз њисоби маблаѓи мутобиќи харљномаи (сметаи) барои хариданаш људокардашударо, фурўшад ё онро бо усули дигар ихтиёрдорї намояд.
6.3. Маблаѓњои пулие, ки њангоми амалї намудани фаъолияти даромадноки Муассиса ба суратњисоби махсуси Муассиса ворид мегарданд, бањри бењдошти фаъолияти он равона карда шуда, аз љониби Муассиса мустаќилона соњибї, истифодабарї ва ихтиёрдорї карда мешаванд.
6.4. Муассиса барои ба таври самарнок соњибї, истифодабарї ва ихтиёрдории амволи ба ў пешнињодкарда масъул буда, бо талаби Маќомоти иљроияи њокимияти давлати шањри Душанбе њисобот пешнињод менамояд.
VII. ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИЊЇ
ВА БАРЊАМ ДОДАНИ МУАССИСА
Азнавташкилдиҳӣ ва барњам додани Муассиса дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тибқи муқаррароти қонунгузории ҷории Ҷумњурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Дигар асосњои азнавташкилдињї ва барњам додани Муассиса дар ќонун.